Ба мо муроҷиат мекунанд

Чаро рухсатии декретиамро гирифта наметавонам?

№60 (4322) 04.05.2021

Ман деҳқонзани деҳотиам. Ба таҳлил кардани ин ё он қонун маълумотам намерасад. Лекин аз баромадҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро мефаҳмам, ки ҳамеша ба мавқеи занон дар мамлакат аҳамияти махсус медиҳанд. Хусусан, ба занҳое, ки дар саҳро зери офтоби сӯзон меҳнат карда, неъматҳои моддӣ меофаранд. Мутаассифона, дар баъзе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ин масъала чандон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад.

Масалан, ба ҳама маълум аст, ки занон вақти ҳомиладорӣ ва баъди таваллуди кӯдак ҳуқуқи гирифтани рухсатии пулакиро доранд. Азбаски ман низ хоҷагии деҳқонии инфиродӣ дорам, бо умеди аз ин имтиёз истифода бурдан дар беморхона ҳуҷҷатгузорӣ кардам. Вале ба муроҷиати ман идораи андози ноҳияи Восеъ кадом дастурамалеро баҳона пеш оварда, ду ҳазор сомонӣ ҳаққи рухсатии декретиамро надоданд. Аз ин лиҳоз, мехоҳам, ки дар қонунҳои амалкунанда ба чунин нозукиву ҷузъиёти ҳаёти мардум таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Хуб мебуд, ки муҳтарам вакилон ин ҷиҳатро ба назар гирифта, қонунҳои мавриди назарро бозбинӣ кунанд.

Гулрухсор КОМИЛОВА,

ноҳияи Восеъ