Чашмҳо боз дар роҳи грантҳо чор шудаанд

№131 (3277) 08.11.2014

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ баромаду мусоҳиба ва луқмапартоиҳои раиси Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров зиёд шудааст. Барои ҳамагон ин зуҳурот амри тозае нест, зеро табиати Зоиров қариб ба аксари сокинони ҷумҳурӣ ошност. Фаъолшавии муваққатии роҳбари сотсиал-демократҳо ҳатман ба ягон чорабиниҳои сиёсии кишвар рост меояд, зеро ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ аламҳову ормонҳои ӯро аз нав зинда мегардонад. Чун дар пеш маъракаи интихоботи парлумонӣ истодааст, мо бояд худро омода созем, ки то анҷом ёфтани ин чорабинии муҳим Зоиров хуб чеҳранамоиву суханронӣ хоҳад кард. Боре ҳам нашудааст, ки Зоиров худро дар таҳлили масъалае зикр карда бошад, ки ба иштибоҳ афтодааст. Ӯ доимо худро ҳақ мешуморад, гарчанде ки дар ҳимояи ақида танҳо ҳам монда бошад. Ҳатто ҳарфи худро гашта мегираду вале сир бой намедиҳад, ки қаблан ақидаи дигареро пайгирӣ мекард. Ин ҳолатро ҳанӯз дар маъракаи интихоботи президентӣ, замони ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардани Ойниҳол Бобоназарова аз ҷониби иддае аз ҳамақидаҳои Зоиров мушоҳида намуда будем, ки дар ибтидо аз ин пешниҳод норизоиву пофишорӣ карду баъди андаке аз Бобоназарова пуштибонӣ намуд. Он замон, ҳатто ғаразҳои ботинии худро пинҳон карда натавониста, ба эҳсосот дода шуда буд, вале чун дид пешбарандагон ба аксуламали ӯ чандон эътиное ҳам намекунанд, мавқеашро тағйир дод.

Аз мусоҳибаи ахири ӯ бо хабарнигор Бобоҷони Қайюмзод дар сомонаи «nahzat.tj» чунин бармеояд, ки Зоировро дар баробари ситезаҷӯии сиёсӣ, ҳамчунин хумори грантҳои хориҷӣ нав ба нав фаъол мегардонад. Маззаи грантҳои хориҷӣ бар ивази сафедро сиёҳ гуфтанҳову аз худ ҷабрдидаву бечора тарошиданҳо дар мағзи устухони ин ҳуқуқдони сухангӯи мавсимӣ ҷой гирифтааст. Бинобар ин, ҳамин ки ҷайби худро аз пулҳои бе дарди миён пур кард, ӯ сукутро ихтиёр мекунад, то сарф шудани онҳо гӯшҳои мо низ меосояд. Боз чун навбати грантҳо расид, ба пӯстини Зоиров кайк медарояду дунболи рӯзноманигорону ҳангоматалабон меафтад. Ҳамин аст, ки аксарият баромадҳои ӯро ҷиддӣ қабул намекунанд ва ё ҳамчун як амри маъмулӣ ва муваққатӣ қабул мекунанд.

Дар мусоҳибаи охири худ Зоиров аз камбуди маблағ шикоят карда, гуфтааст, ки ин иллати асосии дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ ширкат наварзидани аъзои ҳизби ӯ хоҳад буд. Ҳамасола узр оварданҳо, аз худ ва ҳизби худ бечора тарошидан, ҳизби ҳокимро тавоно донистану пайваста нолидани раиси Ҳизби сотсиал-демократҳо ба касе пӯшида нест. Вале, ӯ хулосаи номувофиқеро пеш овардааст, ки гӯё ҳаводиси Украина, Сурия ва овозаҳои бардурӯғи тазоҳурот ҳокии он гаштаанд, ки мақомоти марбутаи кишвар аз онҳо дар тарсу ҳарос афтодаанд. Ин ҷо бори дигар Зоиров назари қаблии худро рад намудааст. Ва на як бору ду бор. Хонандагон мавқеи Зоировро дар муносибат бо ҳаводиси Украина ҳанӯз қабл аз ба харобазор табдил ёфтани ин минтақа фаҳмида буданд.

Гарчанде раиси Ҳизби сотсиал-демократҳо муътақид аст, ки хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ чунин бозигариҳои сиёсии ӯро пайхас намекунанд, вале ҳақиқат он аст, ки чеҳраи ҳақиқии Зоиров барои аксарияти пешбарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ кайҳо намоён шудааст. Касе фиреби нақшофариниҳои ӯро нахоҳад хӯрд. Мақсади асосӣ ва ниҳоии пешвои сотсиал-демократҳои Тоҷикистон ошкору аён аст.

Вақти он расидааст, ки Зоиров бояд дарк намояд, ки майдони сиёсат майдони фарох аст ва асоси онро муносибати ҷиддии сиёсатмадорон ташкил медиҳад. Вале вақте ҳирсу тамаъ ба он ворид шуд, дигар он хусусияти худро аз даст медиҳад ва ба бозор табдил меёбад. Ӯ бояд мақсади асосии худро интихоб намояд – грантҳои хориҷӣ ё манфиатҳои миллӣ?

Хусрав Ёров