Чашмикордон, ватандӯст ва халқпарвар

№60 (4166) 19.05.2020

Ёде аз иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ

Рисолати ҳар як инсон дар зиндагӣ ободкорию созандагист. Вобаста ба имконот баъзеҳо андак ва иддае бештар дар ободии диёр ҳисса гузошта, номашон ҳамеша вирди забони мардум мегардад.

Яке аз чунин ашхоси накуном Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухторҷон Абдураҳмонов ба ҳисоб меравад. Ӯ зодаи шаҳри Конибодом буда, соли 1935 дар оилаи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Неъматҷон Абдураҳмонов ба дунё омадааст. Модараш — Сабоҳатхон якумр омӯзгорӣ карда, 13 фарзандро ба воя расонида буд.

Оғози солҳои панҷоҳуми асри гузашта Неъматҷон Абдураҳмонов сарвари ҳизбии ноҳияи Ҳисор таъин шуду аҳли хонавода ба ин мулки зарнисор кӯчиданд. Мухторҷон мактаби №1- и ноҳияро хатм намуда, пас аз супоридани имтиҳонҳо донишҷӯи факултети механиконии Донишкадаи кишоварзӣ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) гардид. Панҷ соли донишҷӯӣ паси сар шуданду муҳандиси ҷавон соли 1960 тибқи роҳхат ба хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) ба кор  даромад. Кордониашро ба инобат гирифта, пас аз чор сол сармуҳандиси хоҷагии «Комсомол»-и ҳамин ноҳия таъин карданд. Муҳандиси ҷавону ҳалолкор малакаю дониши андӯхтаашро дар истеҳсолот ҷорӣ намуда, боиси афзудани даромади хоҷагӣ мегардид.

Ташаббускорияшро ба инобат гирифта, ӯро аввал сардори шуъбаи механиконии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, сипас, сардори Иттиҳодияи «Селхозтехника»-и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон) таъин карданд. Тавассути дар истеҳсолот самаранок ба роҳ мондани механиконӣ солҳои ҳафтодуми асри гузашта ноҳияи мазкур баъд аз Шаҳритуз дуюмин ноҳияи  калонтарини пахтакории ҷумҳурӣ гардид.

Солҳои 1976-1979 Мухторҷон Абдураҳмонов ҷонишини раиси комиҷроия ва сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Куйбишев буд. Калонсолон то ҳол аз ин  мутахассиси чашмикордон ба некӣ ёд карда, мегӯянд, ки ӯ на танҳо ба пешрафти истеҳсолот, балки ба рушди соҳаҳои фарҳангу иҷтимоиёт низ таваҷҷуҳи зиёд дошт.

Дар баробари зиёд шудани дастоварду комёбиҳои истеҳсолӣ масъулияти Мухторҷон низ афзун мешуд. Бинобар имтиҳонҳои сангини истеҳсолиро ба осонӣ паси сар намуданаш соли 1979 вайро директори генералии Иттиҳодияи нақлиёти автомобилии  «Тоҷикселхозтехника»-и ҷумҳурӣ таъин карданд. Пас аз як соли фаъолият дар ин ниҳоди масъулиятнок соли 1980 Мухторҷон Абдураҳмонов директори  генералии  Иттиҳодияи агросаноатии Байрақи Сурхи Меҳнатдори «Шаҳринав»-и ноҳияи Ҳисор таъин шуд. Авҷи шуҳрати ӯ ба солҳои дар ин иттиҳодия фаъолият  карданаш рост меояд. Бинобар сарварии оқилона, риояи дурусти технологияи заминдорӣ, ба ҳам пайваст намудани соҳаи боғу токпарварӣ бо саноат хоҷагӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ намунавию шуҳратёр гашт. Нӯшобаю консерваҳои хушсифати истеҳсоли иттиҳодияро дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба мароқ харидорӣ мекарданд.

Мухторҷон Абдураҳмонов, дар баробари афзун кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ба беҳтар намудани  некуаҳволии меҳнаткашон таваҷҷуҳи зиёд медод. Дар  давраи сарварии ӯ аз ҳисоби даромади хоҷагӣ  барои 70 оила хонаи як ҳуҷрадор ва ду бинои  ду — се ҳуҷрадор барои 32 оила, мактаб барои 944 хонанда, маҷмааи варзишӣ ва муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ сохта шуд.

- Дар давраи директори генералии Иттиҳодияи агросаноатии «Шаҳринав» будани Мухторҷон Абдураҳмонов ман сарварии рӯзномаи ноҳиявиро ба уҳда доштам. Борҳо зимни инъикоси фаъолияти иттиҳодия, вазъи муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангии он бо ин сарвари оқилу кордон мусоҳиб шудаам. Бисёриҳо ҳайрон мешуданд, ки чӣ хел Абдураҳмонов дар як вақт  фаъолияти ҳама соҳаро хеле хуб ба пеш мебарад? Сирри комёбиҳояш: аз хурдӣ дар оилаи меҳнативу бофарҳанг ба воя расида, бо сабру таҳаммул, хайр­хоҳи ҷомеа ва ободкор буданро аз волидайн омӯхта буд,- мегӯяд узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фатҳуллоҳи Азиз.

Соли 1990 М. Абдураҳмоновро аз ҳавзаи интихоботии «Шаҳринав» №55, ноҳияи Ҳисор вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Ӯ яке аз иштирокчиёни фаъоли Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба шумор меравад.

Барои ихтирои технологияи ҷадид дар самти сарфаю сариштаи ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ соли 1996 М. Абдураҳмонов барандаи  Мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардид. Солҳои 1997- 1998 сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳринав ва 1999 — 2001 раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳринав буд. Баъди ба нафақа баромадан низ омӯзонидани таҷрибаи бойи кориро аз сарварони хоҷагиҳою ноҳия дареғ намедошт ва ҳамеша гули сари сабади маҳфилу чорабиниҳо буд.

Барои хизматҳои шоён бо ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат», медали тиллоӣ ва чор медали нуқраи «Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР» сарфароз гардонида шудааст.

29 апрели соли равон Мухторҷон Абдураҳмонов дар синни 85 аз олам даргузашт. Ҳарчанд ҷисман дар байни мо набошад ҳам, хислатҳои наку ва ободкориҳояш номи вайро солҳо зинда нигоҳ  медорад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»