Луқма

Чин нависем ё Хитой?

№85 (3879) 10.07.2018

Кормандони воситаҳои ахбори омма масъулияти бузургро ба дӯш доранд. Дар баробари инъикоси рӯйдоду воқеаҳо дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа, аз ҷумла риояи забони адабӣ нақши муассир мегузоранд. Зимни муошират одамон аз забони рӯзномаю маҷалла, радио ва телевизион истифода мебаранд ва онро меъёри забони тоҷикӣ медонанд.

Вале бояд иқрор шуд, ки дар раванди фаъолият, хусусан зимни истифодаи номи ин ё он давлат, ҷумҳурӣ, баъзан мо — рӯзноманигорон ҳам ба мушкил мувоҷеҳ мешавем, зеро қисмати зиёди онҳо дар ВАО бо ду тарз ифода мегарданд. Масалан, Ҷумҳурии Халқии Хитойро Ҷумҳурии Мардумии Чин, Полшаро Лаҳистон, Венгрияро Маҷористон менависанду талаффуз мекунанд. Ҳатто баъзан дар матолиби расмӣ низ ин ё он давлат, шаҳрҳо бо ном ё шакли навишти гуногун оварда мешавад: Олмон- Германия, Россия — Русия, Корея — Куриё, Мянма — Миёнмор, Эрон – Ирон, Москва – Маскав, Тошканд -Тошкент…

Ин гуна духӯрагӣ дар баъзе аз истилоҳоти соҳавӣ, аз қабили «дзюдо» — «ҷудо», низ вомехӯранд.

Зарур аст, ки барои аз байн бурдани ин духӯрагиҳо Кумитаи истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи аниқи навишти онҳоро пешниҳод кунад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»