Чор бунгоҳи саломатӣ дар хонаи истиқоматӣ

№154 (4737) 25.12.2023

Айни замон дар ноҳияи Муъминобод чор деҳа, аз ҷумла Кӯли Ҳаётбек, Дараи Ҳаваш, Ғуломобод ва Ҷавзодара бунгоҳи тиббӣ надоранд. Барои табобати беморони деҳа дар хонаи истиқоматӣ бунгоҳи тиббӣ ташкил гардидааст. Сокинони даҳҳо деҳаи дигар, аз ҷумла деҳаи Дегрези деҳоти «Чилдухтарон», низ то ба ҳол бунгоҳи тиббии ҷавобгӯи талабот надоранд. Сокинон дар ҳолати бемор шудан намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд. Ягона илоҷ тай кардани 20 километр роҳ то ба маркази ноҳияи Муъминобод мебошад.

Дар робита ба ин мушкил сардухтури Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)-и ноҳия Сайдамир Розиқов иброз дошт, ки деҳаҳои зикршуда аз маркази ноҳия дар масофаи дур ҷойгир мебошанд. Аз солҳои шӯравӣ бунгоҳҳои тиббии онҳо дар дохили хонаи истиқоматӣ ё муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд. Баъд аз зиёд шудани хонандагон бунгоҳҳои тиббиро ба хонаҳои истиқоматӣ кӯчониданд. Дар деҳаи Кӯли Ҳаётбек бояд бунгоҳи тиббӣ сохта шавад. Ҳоло лоиҳакашию ҳуҷҷатгузорӣ пурра ба анҷом расидааст. Маркази саломатии деҳаи Нуробод низ то соли 2022 дар хонаи истиқоматӣ фаъолият менамуд. Соли равон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар ин деҳа бунгоҳи саломатӣ сохта шуд.

- Дар нуҳ моҳи соли равон бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду бунгоҳи саломатӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар ноҳияи Муъминобод 129 деҳа мавҷуд мебошад, ки аксари онҳо бунгоҳи тиббӣ надоранд. Ҳоло дар 54 деҳаи ноҳия бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст, боқӣ бинобар кам будани шумораи аҳолӣ то ҳол бунгоҳи тиббӣ надоранд, — афзуд номбурда.

Иттилоъ гирифтем, ки яке аз мушкилоти асосии Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) — и ноҳияи Муъминобод норасоии духтурони дараҷаи олӣ буда, 56 духтур намерасад. То ба кай сокинони деҳаҳои зикршуда бе бунгоҳи тиббӣ мемонанд? Дар сурати бемор шудан онҳо дар фасли зимистон ба куҷо муроҷиат кунанд?

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»