Ба ифтихори 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушон чор иншооти нав мавриди истифода қарор мегирад. Ба наздики кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия соҳиби бинои нав мегарданд. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия маркази саломатии навсозишуда бо тамоми шароит ба хизмати ниёзмандон омода мегардад. Дар деҳаи Нисури водии Бартанг бунгоҳи тиббӣ, ки аз заминларзаи моҳи декабри соли гузашта сахт зарар дида буд, баъди барқарорсозӣ аз нав дарашро ба рӯи мизоҷон кушод. Сокинони деҳаи Даржомч бошанд, ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Назар ба қавли муовини раиси ноҳия Заррина Абдулмаинова, сокинони деҳа то ба ҳол аз оби рӯд истифода мекарданд ва хатари сироят шудан ба бемориҳои гуногун ҳамеша вуҷуд дошт. Барои ҳалли ин мушкилот аз масофаи 3 ҳазор метр хатти обгузар кашида шуд ва сокинон бо оби тоза таъмин гардиданд.
Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»