Чу дил дар синаам ҷоӣ, Душанбе

№50 (4790) 22.04.2024

scale_1200Шаҳрҳо дар рушд ва тав­сеаи тамаддун, фарҳанг ва бақои миллатҳо нақши бузург бозидаанд. Вақте давлатҳо ба вуҷуд меоянд, ҳокимият сохта мешаванд, ниёз ба марказҳое ба миён меояд, ки аз он ҷо мамлакатҳо идора карда мешаванд ва дар он фарҳанг, адабиёт, илм ва сохторҳои иҷтимоӣ шакл мегиранд, тавсеа меёбанд.

Агар ба таърих назар андозем, то чӣ андоза муҳим будан ва нақши бузурги тамаддунофарӣ доштани пойтахтҳоро ба хубӣ мушоҳида менамоем: Шуш — пойтахти Эломиён, Ҳикматона — пойтахти Модҳо, Посоргод (Тахти Ҷамшед) — пойтахти Ҳахоманишиён, Силевкия — пойтахти Силевкиён, Нисо, Сад дарвоза ва Тайсафун — пойтахтҳои Ашкониён, Истахр ва Тайсафун — пойтахтҳои Сосониён, Балх — пойтахти Тоҳириён, Заранг — пойтахти Саффориён, Бухоро — пойтахти Сомониён, Рай ва Шероз — пойтахти Дайламиён, Ғазнин — пойтахти Ғазнавиён, Самарқанд ва Ҳирот — пойтахти Темуриён, Бухоро — пойтахти Манғитиён.

Шаҳрҳои зикршуда гаҳвораи тамаддуни мо ҳастанд. Дар ин шаҳрҳо фарҳанг, адабиёт ва илмро ниёгони мо такомул бахшида, ба авҷи аъло баровардаанд.

Ҳоло Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст, шаҳре, ки дили кишвари мост. Дар ин шаҳр чеҳраи нави таъриху тамаддуни тоҷик шакл мегирад, рушд меёбад ва худро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Миллатҳои мухталиф ба ин кор аз даврони қадим шуғл варзидаанд ва аз худ онҳоро дар ҳар шакле ба ёдгор гузоштаанд. Аммо сохтани шаҳрҳои мудерн аз солҳои 70-уми асри гузашта дар Ғарб оғоз меёбад ва таҳаввулоти азим дар санъати шаҳрсозӣ дар ҷаҳон ба миён меояд. Ин дигаргунӣ ба таври ҷиддӣ дар Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд омада, дар андак муддат дар санъати шаҳрсозӣ дигаргуниҳои азим рух дод.

Аслан яке аз ҳадафҳои боз­офаринии шаҳрҳо ба вуҷуд овардани шароити беҳтари зиндагист. Барои ин корро фароҳам сохтан на танҳо биноҳо бояд ба талабот ҷавобгӯ бошанд, балки ҷодаҳо, хиёбонҳо, гулгашту боғҳо ва шароити кори мардум ба назар гирифта шаванд.

Дар бозофарии шаҳри Душанбе нишонаҳои таъриху фарҳанги миллии мо зинда нигоҳ дошта мешаванд. Дар саргаҳи пойтахт боғ ва мақбараи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, поинтар аз он маҷмааи «Истиқлол ва озодӣ», дар маркази шаҳр маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Боғи устод Рӯдакӣ, боғи Куруши Кабир ва дар поини шаҳр Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ бо муҷассамаи ин шоири тавоно бозгӯи чеҳраи фарҳангию миллии шаҳри Душанбе аст.

Ҳар миллате, ки дар мамлакати хеш шаҳре месозад, хусусан агар он шаҳр пойтахти давлат бошад, ҳатман суннатҳо ва арзишҳои миллии худ­ро ба назар мегирад. Аз ин назар шаҳри Душанбе барои ҳувиятсозии миллӣ нақши муҳим дорад. Муҷассамаҳои Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ зеҳнро ба таҳрик меоранд, хусусан, ба дунёи андешаи кӯдакону нав­расон таъсир мерасонанд. Онҳоро ба шинохти таърихи миллаташон водор мекунанд.

Тамаддун, фарҳанг, адабиёт ҳамеша таъсирпазир будаанд. Дар баробари ҳамдигар муқовимат ҳам кардаанд ва гоҳе яке дигареро маҳв кардааст. Аммо фарҳангу адаби мо дар муқобили сели ҳаводис ҳамеша пойбарҷо монда, рисолати азалии хешро сомон додааст.

Тоҷики шаҳрсозу шаҳрнишин ҳувияти худро огоҳона нигоҳ медошт, ба суннат ва арзишҳои миллӣ арҷ мегу­зошт. Имрӯз дунё симои худро ба шиддат дигар мекунад, арзишҳое ҳам ранг мебозанд ва аз байн мераванд. Инсон худро аз табиат ҷудо месозад, бо замине, ки дар он зиндагӣ мекунад, бегона мешавад. Ин ва омилҳои дигар одам-роботҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки тарз ва шеваи зиндагиашон қудсияте надорад.

Ин хатар, пеш аз ҳама, ба шаҳрнишинон таҳдид мекунад, тафаккури онҳоро иваз месозад, зиндагии сабукборонаеро барояшон пешниҳод менамояд, ки боиси худбохтагӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки ҳувияти шаҳрӣ муҳим аст ва корҳои меъмории ҳар шаҳре, пеш аз ҳама, ба сокинону меҳмононаш таъсир мерасонад.

Вақте ба кишварҳои гуногун сафар мекунем, мебинем, ки шаҳрҳои наву куҳна доранд, яъне як шаҳр бо симои муосир ва таърихиаш дар пеши назари мо пайдо мешавад. Мо аз вуҷуди наву куҳнаи он шаҳр дирӯзу имрӯзашро мебинем.

Шаҳри Душанбе дар ҷои деҳае сохта шудааст. Агар дар Душанбеи куҳан қалъае вуҷуд дошт ё дар даврони қадим шаҳре буд, дигар аз онҳо чизе боқӣ намондааст. Сохтмони шаҳри мо дар замони шуравӣ оғоз шуд ва дар даврони соҳиб­истиқлолӣ бозофариниаш вус­ъат ёфт бо шаклу услуби нав, тарҳу симои муосиру миллӣ. Мо шоҳиди он ҳастем, ки рӯз ба рӯз симои пойтахтамон иваз мешавад, ба худ чеҳраи комилан дигар мегирад.

Душанбе ҳоло шаҳри гулҳост. Дар баробари ин шаҳри дилҳо ҳам ҳаст. Шаҳре, ки сокинонаш барои шинохти ҳувияти хеш, асли худ, таъриху тамаддуни тоҷик талош меварзанд ва имрӯзи худро месозанду ба оянда бо нигоҳи тоза равонанд. Мисраъҳои зерини Боқӣ Раҳимзода дирӯзу имрӯз ва фардои шаҳри Душанберо хеле хуб ифода менамоянд:

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,

Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,

Чу дил дар синаам ҷоӣ, Душанбе.

ВОРИС,

«Садои мардум»