Дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ чаро нодаркор шуданд?

№15 (4435) 01.02.2022

Пештар дар шаҳру ноҳияҳо дӯконҳои фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки тобеи Муассисаи давлатии «Союзпечать» (соли 1993 ин муассиса номи ҶДММ «Тоҷикматбуот»-ро гирифт) буданд, фаъолият менамуданд. Меҳмонон баробари хариди матбуоти даврӣ ба маънавиёти сокинони маҳал баҳо медоданд. Ҳоло, вазъият тамоман дигар аст.

Куҷо шуданд, дӯконҳои маҷаллаву рӯзномафурӯшӣ? Барои посух ёфтан ба ин савол ба сардори филиали ҶДММ «Тоҷикматбуот» дар вилояти Суғд Сикандаршо Каримов муроҷиат кардам. Вай аз ҷумла гуфт:

- Дар шаҳри Хуҷанд 8 дӯкони рӯзномафурӯшӣ амал мекунад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов-2, Спитамен -1, Исфара-2 ва ноҳияи Ашт 1 дӯкон ба мардум хизмат мерасонанд. Ҳол он ки мувофиқи меъёри амалкунанда, дар ҳар шаҳру ноҳия мувофиқ ба теъдоди аҳолӣ дӯконҳои фурӯши матбуоти даврӣ бояд фаъол бошанд.

Маълум гардид, ки боқимонда дӯконҳоро, бинобар дар ҷояшон бунёд шудани иншоот ба дигар ҷой кӯчондаанд.

- Дар шаҳри Исфара дӯкони рӯзномафурӯшӣ рӯ ба рӯи бозори марказӣ қарор дошт, — мегӯяд Сикандаршо Каримов. — Ба ҷояш бинои маркази савдо сохтанд. Мутаассифона, роҳбарияти вақти шаҳр мусоидат накард, ки ҳуҷраи хурдакакро ба мо ҷудо кунад. Аз фаҳмонидани моҳияти масъала ба соҳибмулк мурод ҳосил нашуд. Ноилоҷ ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат кардем, ки то ҳол ҷавоб нест.

Ин ҳолатро дар шаҳри Хуҷанд низ мушоҳида кардем. Дӯкони рӯзномафурӯшии №7, ки фурӯшандааш собиқадори маориф Раҳимҷон Муҳаммадҷонов аст, дар пешгоҳи бинои қаҳвахонаи «Буратино» воқеъ буд. Онро ҳам хусусӣ карданд ва се сол муқаддам баъд аз навсозии бино дӯконро ҳам ба қафои он кӯчониданд, ки аз он ҷо анқариб одамон намегузаранд:

- Зимни омӯзиши масъала маълум гардид, ки дӯконҳоро бо баҳонаи кушодани пештоқи биноҳо ба дигар ҷой мекӯчонанду муддате нагузашта ҷойи онро ба нуқтаҳои савдо медиҳанд.

- Як дӯкони рӯзномафурӯшӣ дар даромадгоҳи бозори марказии ноҳияи Спитамен буд, — афзуд номбурда. Бозор, ки хусусӣ шудааст, маъмурият ба маконе, ки аз бозор хеле дур аст, кӯчонида, он ҷойро ба нуқтаи «попкорнфурӯшӣ» ба иҷора дод. Баъд аз баста шудани ин дӯкон ҳампешаи мо Эгамқул Шералиеви зиндаёд, ки дар рӯзномаи вилоятии ӯзбекзабони «Суғд ҳақиқати» мусаҳҳеҳӣ мекард, маҷбур буд рӯзномаҳоро дар болои миз ба савдо гузорад.

Ба ин монанд дӯкони рӯзномафурӯшии №12, ки дар шафати бинои масҷиди ҷомеи «Шайх Маслиҳатдин»-и шаҳри Хуҷанд қарор дошт, бино ба гуфти соҳибаш Бахтиёр Сатторов, соли 2012 онро ба ҷои камодам кӯчониданду дере нагузашта он ҷойро таъмиргарони пойафзол ишғол карданд.

Айни ҳол дар мавзеи серодамтарини шаҳри Хуҷанд — Панҷшанбе дӯкони рӯзномафурӯшӣ дар паҳлуи дорухонаи марказии №7 амал мекунад. Он ҳам бошад, иҷоранишин аст.

- Шукр, ки ҳоло ҳам рӯзномахон ҳаст, — мегӯяд фурӯшанда Абдуқаюм Қодиров. — Бар иловаи рӯзномаву маҷалла маҷбур ҳастем дигар майда-чӯйдаҳоро ҳам фурӯшем, масалан пакетҳои селофаниро.

Фурӯшандаи дӯкони №12, воқеъ дар мавзеи «Ситораҳои Хуҷанд»-и маркази вилоят Маҳмудҷон Аҳмадов, дар бобати ислоҳи вазъият чунин андеша дорад:

- Дӯконҳоямон фарсуда шудаанд. Онҳоро аз нав сохтан лозим аст. Зеро шакли дӯкон ҳам диққати бинандаро ба худ мекашад.

Барои барқарор кардани дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ чӣ мушкилот ҳаст? Дар посухи ин савол сардори филиали ҶДММ «Тоҷикматбуот» дар вилояти Суғд Сикандаршо Каримов чунин ҷавоб дод:

- Якум, дарёфти ҷое, ки дӯконро монем. Зеро ҷойҳоеро пешниҳод мекунанд, ки камодам аст. Дуюм, гирифтани иҷозатнома аз сохторҳои гуногун, ки маблағи зиёдро талаб мекунанд.

Роҳбарияти пешинаву ҳозираи филиали ҶДММ «Тоҷикматбуот» дар вилояти Суғд баҳри барқарор кардани дӯконҳо борҳо ба раисони шаҳру навоҳии вилоят ва роҳбарияти вақти он муроҷиат кардааст. Мутаассифона, бенатиҷа. Сикандаршо Каримов барои тақвияти суханонаш як даста мактубҳоро пешниҳод кард.

Бо омӯхтани масъала ва шунидани фик­ру мулоҳизаи масъулон андеша кардам, ки ба вазъи ногувори соҳа кӣ гунаҳкор аст?

Аксар гуфтанд, ки сабаб кам шудани мутолиакунандагон аст. Ба шарофати интернет хонанда бе хароҷот аз телефони мобилиаш метавонад хабару матолибро хонад. Сабаби дигар масъулони сохторҳои маҳаллӣ мебошанд, ки нисбат ба масъала бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Ҳол он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100 — солагии таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» дар қатори дигар масоили мубрами соҳа, ба таъмини саривақтии аҳолӣ бо рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашр, муайян сохтани ҷойгиршавии шабакаву нуқтаҳои паҳнкунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷойгирсозии дӯконҳои фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо дастур дода буданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»