Чанде қабл раиси Иттифоқи журналистони Литва Дайнюс Радзявичус меҳмони Тоҷикистон шуд. Ӯ, ҳамзамон дар Донишгоҳи гуманитарии Аврупо дарс мегӯяд ва узви Комиссияи давлатӣ оид ба радио ва телевизиони Литва аст. Хабарнигорамон бо истифода аз фурсат бо ӯ ҳамсуҳбат шуд.
- Шумо бо ягон ҳайат меҳмон гардидаед ё танҳо омадед?
- Маро ҳамкасбон аз ЮНЕСКО — Кристо Пикат ва Сергей Карпов, ки мутахассисони стандартҳои байналмилалии журналистика ва ворид намудани онҳо ба раванди таҳсил дар донишгоҳҳо мебошанд, ба ҳайси мушовир даъват карданд. Чун бо тақозои касб ҳамеша дар орзуи вохӯрӣ бо сарварону устодони донишгоҳ ва факултетҳои журналистика ҳастам, ин пешниҳодро бо хушӣ пазируфтам. Ин сафари дуюми ман ба Тоҷикистон аст, ки баъд аз панҷ сол сурат гирифт. Агарчӣ сафари нахуст корӣ ва хеле кӯтоҳ буд, таассурот ва хотироти хуше аз он дорам.
Инчунин, ёд дорам, ки соли 2009 аз ҷониби ОБСЕ дар Форуми осиёимиёнагӣ оид ба воситаҳои ахбори омма дар шаҳри Бишкек ширкат варзида, будам. Шиносоии нахустини ман бо рӯзноманигорони тоҷик дар ҳамон рӯзҳо сурат гирифта буд ва аз ҳамон вақт бо онҳо ҳамкорӣ дорам. Соли равон барои ҳайати калони журналистони тоҷик бо сарварии Зинатулло Исмоилзода ба ватани худ барои шиносоии ҳамкасбон бо телевизионҳои рақамии Литва сафар ташкил намудам, зеро тоҷиконро дӯст ва бародар медонам.
- Оё метавон гуфт, ки муносибатҳои бародаронаи замони шӯравӣ имрӯз низ вуҷуд доранд?
- Ба андешаи ман, дар ягон иттиҳод ё сохторе якҷоя будан муҳим нест. Аслан, сиёсат ба ташкили ҳамкориҳо халал мерасонад. Мо ҳамеша ҳамкорӣ доштем ва имрӯз он рушд менамояд.
- Шиносоии шумо бо ВАО-и тоҷик дар кадом сатҳ аст?
- Ростӣ, ман ба матбуоти шумо таваҷҷуҳ дорам. Пас аз соли 2009 дар ҳама чорабиниҳои ташкилотҳои байналмилалӣ бо рӯзноманигорони тоҷикистонӣ вомехӯрдам ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо вазъи матбуоти минтақа ва дигаргуниҳо дар он бохабар мешавам. Аввалин чизе, ки эҳсос намудам, он аст, ки дар кишвари шумо, новобаста ба мушкилиҳои мавҷуда, ҳам матбуоти давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ кӯшиш ба инкишофу пешравӣ доранд. Ҳол он ки дар дунё рағбат ба кори журналистика коҳиш ёфтааст. Сабабаш дар он аст, ки вазъ дар дунё ноҷур ва даромади рӯзноманигорон кам аст. Дар Тоҷикистон бошад, бозори матбуот, ҳамчунин, бозори реклама, чандон назаррас нест, техника ва лавозимоти дигар қимат аст. Дар чунин вазъ барои журналистон шароити хуб муҳайё намудан, албатта, душвор аст. Аммо кӯшишҳои донишгоҳҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассусии журналистон дар кишвари шумо касро рӯҳбаланд месозад.
- Дар Литва вазъи матбуот чӣ гуна аст ва журналистонро чӣ тавр тайёр менамоянд?
- Журналистика дар диёри мо касби озод аст. Манбаи асосии кадрҳои журналистӣ Донишгоҳи гуманитарии Аврупост, ки дар он ҳам зодагони мамлакат ва ҳам хориҷиён, аз ҷумла, қазоқҳо, қирғизҳо ва тоҷикон таҳсил мекунанд. Бар замми ин, бархе аз соҳаҳои дигар ба журналистика меоянд. Яке файласуф аст, дуюмӣ филолог, сеюмӣ муҳандис. Дар кишвар маркази журналистика мавҷуд аст, ки дар онҳо ашхоси таҳсилоти олидошта касби рӯзноманигорӣ меомӯзанд. Курсҳое низ арзи вуҷуд доранд, ки дар рӯзҳои истироҳат барои намояндагони касбу кори дигар дарсҳо мегузаронанд. Шарт танҳо саводи кофӣ доштани шахс аст.
- Қаблан зикр кардед, ки адади нашри рӯзномаҳои Литва зиёд нест…
- Ман нашрияҳои хушсифатро дар назар дорам. Китоби хуб дар Литва 20-30 евро арзиш дорад. Обуна ба рӯзномаҳои ҷиддиву хушсифат, ки дар онҳо тадқиқоти журналистӣ, таҳлилҳои амиқи вазъ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг дарҷ мегарданд, низ аз даҳҳо то ба садҳо евро қимат дошта метавонанд. Вале теъдоди ин гуна нашрияҳо чандон зиёд нест, зеро на ҳама имкони харидани онҳоро доранд. Адади нашри ин гуна рӯзномаҳо аз 10 ҳазор беш нест. Рӯзномаҳои оммавӣ («ширпотреб») қимати пасттар ва адади нашри бештар доранд. Матбуоти рекламавӣ боз арзонтар ва баъзан ройгон аст, зеро хароҷот аз ҳисоби реклама пӯшонида мешавад…
- Муносибати шумо ба матбуоти давлатӣ чӣ гуна аст?
- Дар Литва матбуоти давлатӣ вуҷуд надорад. Қонунҳои кишвари мо мисли ҷумҳурии шумо хеле демократианд. Ҳанӯз соли 2008 матбуоти кишвар озод гардид. Аз ин кор ҳама бурд карданд. Давлат барои матбуот маблағ сарф ва ба кори матбуот дахолат намекунад. ВАО, ки хусусӣ мебошанд, сармоя пайдо ва музди маошу мукофотпулиҳоро муайян менамоянд. Онҳо мекӯшанд, ки ҷанбаҳои зиндагии ҷомеаро инъикос кунанд.
- Ояндаи ВАО-ро чӣ гуна мебинед?
- Биёед, дар бораи ояндаи ҷомеаи инсонӣ ҳарф занем. Дар оянда, ба андешаи ман, одамон нисбат ба зиндагии воқеӣ бештар дар олами виртуалӣ зиндагӣ карда, барои муошират вақти зиёдтар сарф менамоянд. Аллакай нишонаҳои онро мушоҳида карда истодаем. Вале ояндаи ВАО бояд ҷолиб гардад. Зеро дигаргуниҳо дар соҳа зиёд мешаванд. Журналистикаи босифату ҷиддӣ рушд мекунад. Таваҷҷуҳ ба тадқиқот ва таҳлилҳои тахассусии журналистӣ меафзояд. Журналистон бидуни фармоишу раҳнамоии касе мавзӯъҳои муҳимтарини рӯзгори ҷомеаро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор медиҳанд. Аммо теъдоди чунин журналистон хеле кам хоҳад буд. Дар баробари ин, мубориза барои нуфуз ва обрӯ низ зиёд мегардад. Аммо минбаъд мақому нуфузи журналистро танҳо маҳсули кори ӯ — асари журналистӣ муайян хоҳад кард.
Дар Литва журналисти хубро аз ҳуқуқшиносон, адвокатҳо камтар намедонанд ва музди маошашон низ ба онҳо наздик аст. Вале матбуоти оммавӣ ва медиа-тиҷорат, ки бо реклама машғул аст, ҳатман рушд менамояд. Бовар дорам, ки ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дигаргуниҳо интизоранд. Барои ин ва журналистон бояд баробар бо ҳамкасбони худ аз кишварҳои пешқадам гом бардоранд, ҳамқадами замон бошад. Ман 27 сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои журналистон оид ба «Истифода аз имконоти ВАО барои рушди базаи моддиву техникӣ ва эҷодии журналистика» дарси маҳорат гузаштам. Ҳадаф аз сафарҳо ва дарсҳои маҳорати мо ҳамин аст.
- Оё боз нияти ба Тоҷикистон омаданро доред?
- Аввалан, пеш аз бозгашт ба ватан ман ба ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон сафар карданиам. Сониян, соли равон боз як сафари ҳамкасбони тоҷик ба кишвари мо дар назар аст. Ман онҳоро истиқбол хоҳам кард. Моҳҳои феврал то майи соли 2019 тибқи нақша ҳатман ба ҷумҳурии шумо сафар хоҳам дошт.
Мусоҳиб Н.Низомӣ,
«Садои мардум»