1 октябр – Рӯзи пиронсолон

Даҳ садо аз даҳ тақдир

№ 120 (4540) 28.09.2022

Як рӯз дар «Хона — интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода»

ҳама«Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».

Ин суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пештоқи Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» насб шудааст.

Барои бохабар шудан аз рӯзгори сокинонаш ба он ҷо рафтем.

«ТАНҲО КУМАКУ ДАСТГИРИҲОИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ БЕМИННАТАНД»

Пас аз арзи матлаб намудан ба роҳбарияти муассиса, моро ду масъули хона-интернат то ҳуҷраи яке аз истиқоматкунандагон, ки Абдусамад Қаюмов ном доштааст, раҳнамоӣ карданд.

- Биёед, хуш омадед, — баробари дарро ба рӯи мо кушодан гуфт бобои Абдусамад.

ӯ пирамарди 80-солаест, ки ранҷу азоби зиёд кашида, сахтиву талхиҳои ҳаётро басе чашидааст. ҳанӯз якунимсола буд, ки ятим монд.

- Пас аз вафоти волидон маро аммаам ба парасторӣ гирифтааст, — ба нақл аз саргузашташ оғоз кард пирамард, — Азобҳои солҳои мактабӣ, гуруснагӣ, китобу либоси гарм надоштан, таънаи ҳамсинфон, ҷангу нофаҳмиҳо дар хонаи амма… як тараф, вале пас аз хатми синфи 7 барои идомаи таҳсил ба мактаб-интернат қабул нашуданам, тарафи дигари рӯзгори сахти он айём аст. «Сағераро хонданаш чӣ?» — гуфта, ба кӯҳ барои даҳмардагӣ фиристоданд. Солҳои 1958-1961 дар кӯҳу пуштаҳо моли мар­думро нигоҳ кардам. Баъдан, бо дастгирии чанде аз наздикон ба омӯзишгоҳи касбӣ дохил шуда, дар ихтисоси сохтмончӣ таҳсил намудам. Пас аз хатм 17 сол дар сохтмонҳои гуногун ҳамчун мутахассис фаъолият кардам. Масалан, дар сохтмони аввалин беморхонаи ноҳияи Данғара саҳм дорам…

Замони дар сохтмон кор карданаш оиладор шуда, соҳиби чор фарзанд — ду писару ду духтар мегарданд. «Вале онҳоро бо чашм дидему бо даст нагирифтем. Фарзандонам пас аз таваллуд аз дунё мегузаштанд. Аз ҳама фарзанди дарозумрам семоҳа шуд» — мегӯяд мӯйсафед.

Пас аз он ки оилааш пош хӯрдаву мушкилиҳои зиндагӣ яке пайи дигар рӯ заданд, Абдусамад Қаюмов боз ба оғӯши кӯҳу саҳро рафтанро авло донист. Ҳарчанд наздикон хоҳиши ёрӣ расондан карданд, қабул накард. Ба қавле, боз моли мардум, боз асо ва танҳоӣ.

- Пас аз ду соли он ҳодисаҳо каме ба худ омадам ва ба кори совхоз (хоҷагии кишоварзӣ) даъват шудам. Дар совхоз корам барор гирифт ва яке аз бригадаҳои пешқадам шудем…

…Умрам ба ҷое расид. Боз хешу ақрабо даъват карда, ёрӣ додан хостанд, вале рад кардам. Азбаски дар ин дунё танҳо ҳифзу нигаҳбонии Худованд ва кумаку дастгириҳои Давлату Ҳукумат беминнатанд, бо тавсияи шиносе ба ин муассиса омадам.

Имсол аз омаданам 18 сол пур шуд. Соли аввал чун раиси вақт фаҳмид, ки дар боғдорӣ таҷриба дорам, чанд навъ ниҳоли мевадиҳанда овард ва хоҳиш кард, ки дар ҳавлии муассиса шинонем. Қисме аз дарахтони ин боғеро, ки аз тиреза намоён аст, шинонида ва парвариш кардаам.

- Шукр, зиндагиам хуб аст, аз чизе ё касе шикоят надорам.

«ДАВЛАТ МОРО ХОР ШУДАН НАМОНД»

Аз ҳуҷраи бобои Абдусамад баромадем, ки дари утоқи баъдӣ кушода ва марде болои рахти хоб нишаста, китоб мехонад. Чун наздик шудем, китобро сӯе монда, ба назди дар омад. ӯ Нормурод Ғафурови 58-сола ва зодаи шаҳри Ҳисор аст. Маълумамон шуд, ки бо ҳукми тақдир ва сабаби баланд шудани фишори хунаш маъюби гурӯҳи дуюм аст. ҳафт моҳ мешавад, ки дар «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» зиндагӣ дорад.

- Дар вақти холӣ китоб мехонам, шукр мекунам ва аз умри боқимондаам фикр мекунам. ­Шукр бо вуҷуди он, ки касе надорем, давлат моро ба оғӯши гармаш гирифта, хор шудан намонд. Ҳазорон сипос ба Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориву дастгириҳояшон.

«ДАР ҲАМА ХОНАҲОИ ПИРОНСОЛОНИ ҶУМҲУРӢ БУДАМ»

Ному насаби ҳамсуҳбати нав­батии мо Зулфия Розиқова буда, 72-сола аст ва панҷ сол мешавад дар ин хонаи пиронсолон зиндагӣ мекунад.

- Ман дар шаҳри Душанбе таваллуд ва калон шудам, — иброз намуд пиразан, — Падарам тоҷику модарам рус буданд. Пас аз таҳсили миёна курси дӯзандагиро тамом кардам, вале фақат ҳамчун тамизкунанда дар беморхонаҳо фаъолият намудам. Хона доштем, вале писарам хонаро фурӯхту якбора ғайб зад ва ҳоло зиндаву мурда буданашро намедонам…

Дигар қуввати кор кардан надоштам. Як нафар маслиҳат дод, ки ба хонаи пиронсолон равам. Ҳуҷҷатҳоямро тахт карда, се сол дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон зиндагӣ кардам.

Дертар ба Хонаи пиронсолони шаҳри Ваҳдат рафтам. Он ҷо бори дигар оиладор шуда, 8 сол зиндагӣ кардем. Пас аз марги шавҳарам ба ин муассиса омадам. Муддате ин ҷо мондам ва чун аз дарахти чинор аллергия доштам, ба Хонаи пиронсолони Бохтар рафтам. Он ҷо фишорбаландиву гармии аз ҳад зиёд азобам дод. Аз ин рӯ, ба Хонаи пиронсолони Ёвон рафтам. Он ҷо ду сол зиндагӣ кардам ва боз ҳуҷҷатҳоямро гирифта, ба ин хона-интернат омадам.

Хуллас, дар ҳама хонаҳои пиронсолони ҷумҳурӣ будам ва ҳоло тани танҳоям. Касе надорам ва касе маро намепурсад. Писарамро аз тариқи интернет ҳам наёфтам.

Шукр, ки бо ташаббусу ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарпаноҳу нигаҳбоне дорем…

«АГАР АЗ БЕРУН УСТО БИЁРАНД, ХАФА МЕШАВАМ»

- Дар гузашта, устои мошин будам. Кору зиндагиам хуб буд. Тӯли фаъолиятам чанд устохона боз кардаму ба чандин нафар ин касбро омӯзондам.

Баъди вафоти ҳамсарам зиндагиям дигар шуд. Хонаамро ба ду духтарам тақсим карда, худам дар берун мондам. Баъд ба ин ҷо омадам.

Инак, ду сол мешавад, ки дар ин муассиса иқомат мекунам. Аз будан дар ин ҷо хурсандам. Усто ки ҳастам, ҳар хизмате пайдо шавад, иҷро мекунам, ҳатто агар фаҳмам, ки барои коре аз берун усто овардаанд, хафа мешавам. Шукр, аз дастам кори зиёд меояд ва мекӯшам, ки ҳунарамро ба нафъи ҷомеа истифода барам, — оромона гуфт ҳамсуҳбати мо Сайфулло Қурбонови 69-сола.

«ҲУНАРАМ ДАР ИН ҶО ҲАМ ХАРИДОР ДОРАД»

Мунаввара Безменова низ аз соли 2010 яке аз истиқоматкунандагони ин хона-интернат аст. Дар ҳоле вориди ҳуҷраи ӯ шудем, ки машғули кор буд. Ҷӯроб мебофт. Баъди салому ҳолпурсии самимӣ аз мақсади мо огоҳ шуда гуфт:

- Имсол 72-сола шудам. Ман дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаам, падарам тотору модарам украинӣ буданд. Хатмкардаи коллеҷи тиббӣ ҳастам ва солҳои зиёд дар комбинати нассоҷӣ фаъолият кардам. Чун шавҳарам фалаҷ шуд, корро бас карда, ӯро парасторӣ намудам. Пас аз чанде шавҳарам вафот кард. Писару келинам дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекарданд. Онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки наздашон биравам. Аммо натавонистам, зеро аз Тоҷикистон берун баромадан бароям бисёр душвор буд.

Рӯзе қатъиян гуфтанд, ки бояд наздашон биравам ва ғайри хоҳиш ба омода кардани ҳуҷҷатҳоям пардохтам. Хонаамро фурӯхтам, омодагии ҷиддӣ дидам. Аз миён хеле вақт гузашт, вале мутаассифона, хабар омад, ки писарам вафот кардааст. Дигар танҳои танҳо мондам. Намедонистам куҷо равам… Бо мадади дӯстон ба ин муассиса омадам ва инак 12 сол мешавад дар ин ҷоям.

Бибии Мунаввара ҳар хел либосҳои кӯдакона, ҷӯроб ва дигар чизҳо мебофад. Маҳсули дастонаш муштарӣ ҳам дорад, онҳо кам нестанд ва баъзан ба вай маҳсулоти хостаашонро фармоиш медиҳанд.

«ДАР ИН ҶО ХАСТА НАМЕШАВЕМ, ЗЕРО РӮЗГОРИ ХУБ ДОРЕМ»

Вақте ки ба назди ҳамсуҳбати дигарамон — Мизробҷон Васихов омадем, дар ҳуҷраашон чой менӯшиданд.

- Хаста набошед!

- Ташаккур, мо ин ҷо хаста намешавем, балки рӯзу рӯзгори хуб дорем…

Ӯ пас аз адои хизмати аскарӣ Техникуми сохтмониро ғоибона ба итмом расонд ва дар сохтмон ба кор даромад.

- Аввалин сохтмони нотамомам осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» буд. Дар сохтмони Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» низ саҳм дорам…

Аз замони даргириҳо ин тараф ба Федератсияи Россия мерафтаму меомадам. Ҳамсарам ва ду фарзандамро он ҷо мондам. Хуллас, то соли 2015 дар Федератсияи Россия будам. Аз сабаби хунукӣ устухонҳоям дард мекарданд. Духтурҳо тавсия доданд, ки дар минтақаи гарм зиндагӣ намоям. Аз ҳамон вақт ба Ватан баргаштам. Ҳамин тавр, ба ин муассиса омадам ва инак, 7 сол мешавад, ки ин ҷо зиндагӣ дорам.

- Рӯзҳо ин ҷо чӣ гуна мегузаранд?

- Бо ҳар кор. Ягон чизро таъмир мекунам, масалан, ин ҷевони ҳуҷраамро худам сохтаам. Шукр, китобхона ҳам дорем, каму беш ба мутолиа машғул мешавам, баъзан расм мекашам ва бо истиқоматкунандагони муассиса суҳбат мекунаму ба ҳавои тоза мебароям.

«НИСБАТ БА ОМАДАНИ ОНҲО, РАФТАНИ МО ОСОНТАР АСТ»

Дар роҳрав қадам мезадему роҳбалад дар бораи бошандагони муассиса маълумот медиҳад. Чун аз назди дари пӯшида гузаш­тем, гуфт:

- Дар муассиса нафароне ҳастанд, ки ба ҳамдигар меҳр баста, оиладор шудаанд. Масалан, як хона қафо Людмила Партика ва Сергей Тсубин маскунанд, ки дар ҳамин ҷо расман оиладор шудаанд.

Мо бо онҳо суҳбати дароз доштем. Людмила 62-сола буда, хатмкардаи Коллеҷи тиббӣ аст. Аз соли 2010 дар ин ҷо зиндагӣ мекунад. Аниқтараш, дар аввал модарашро, ки фалаҷ шуда буд, парасторӣ мекард. Пас аз сари модар дар ҳамин муассиса ба кор даромад ва чун вақти нафақа расид, ҳамчун маскун ба қайд гирифта шуд.

Соли 2014 бо Сергей ном истиқоматкунандаи ҳамин хона-интернат шинос шуда, оила барпо кард. Ҳар ду ҳам як писарӣ доранд ва онҳо дар Федератсияи Россия умр ба сар мебаранд.

- Инак, ҳашт сол мешавад, ки мо ҳамроҳ зиндагӣ карда истодаем. Рӯзгорамон хуб аст. Албатта, зиндагӣ бе камбудӣ намешавад, вале ба ҳар ҳол кӯшиш мекунем мушкиламонро худамон ҳал кунем. Бо аҳли хона-интернат муносибати хуб дорем. Ба хабаргирии пайвандонамон меравем, зеро аз омадани онҳо дида, рафтани мо осонтар аст, — хулоса кард Людмила Партика.

«ДАР ИН ҶО ЗИЁД НАМЕМОНАМ»

Дар охири роҳрав марди таҳамтане меистод. Фикр кардем, ки муҳофиз аст, вале яке аз роҳбаладон гуфт, ки ӯ Шарипов Ҳодихон ном дошта, истиқоматкунандаи муассиса мебошад.

- Хуш омадед ба муассисаи мо, — амаки Ҳодихон аввалин шуда, суханро оғоз кард ва моро ба ҳуҷрааш даъват намуд.

- Чанд вақт шуд, ки дар ин муассиса ҳастед ва умуман шароити зиндагӣ чӣ гуна аст?

- Агар дар хонаи худам ҳам мебудам, мисли ин ҷо шароит намедоштам. Наздики як сол мешавад, ки дар ин ҷо зиндагӣ дорам ва шукр ягон камбудӣ нест. Имсол ба 65 даромадам ва аз ин умр 20 солашро ба кори муҳофизӣ гузаронидам. Каме вазъи саломатиям бад шуд, хусусан пойҳоям азият доданд ва маҷбур шудам, ки ин ҷо биёям. Омадам, вале зиёд монданӣ нестам, шукр то ҳол қувваи корӣ дорам ва ният дорам ба ҳаёти пешинаам баргардам.

- Фарзандон нестанд?

- Мутаассифона, фарзанд надорам, вале хешу ақрабо хабаргирӣ меоянд.

«АЗ ИН ҶО РАВАМ, ЗИҚ МЕШАВАМ»

- Номи ин нафар Гулнора Бекметова, дар ин ҷо бо шавҳарашон Мурод Иминов зиндагӣ мекунанд. Ба мо чандин маротиба гуфтанд, ки агар назди фарзандонам равам, ин ҷоро ёд карда, зуд мехоҳам боз биёям, — роҳбалад бо табассум ба мо қаҳрамони навбатиро шиносонд.

Рӯзгори Гулнора Бекметова печ дар печ аст. Вай Коллеҷи муҳосибиро хатм карда, солҳои зиёд дар корхонаву ташкилотҳои гуногун то вазифаи сармуҳосиб хизмат намуда, дар Хоразм оиладор шудаст. ҳашт сол он ҷо зиндагӣ карда, соҳиби чор фарзанд шуданд. Пас аз бемору дардманд шудан, ба нафақа баромаданд. Духтаронаш ҳоло оиладоранду писараш назди падар дар Хоразм.

Ҳоло бо шавҳараш ин ҷо зиндагӣ карда истодааст. Духтаронаш хабаргирӣ меоянд.

Ин ҳамсарон ҳар ду як беморӣ доранд: фишори хунашон якеро аз тарафи рост, дигареро аз тарафи чап осеб расондааст.

Бо вуҷуди ин, онҳо хушҳол ва аз зинда­гиашон розианд.

ҲАШТ СОЛ ФИДОИИ ФАРЗАНД

Роҳбалад моро бо яке аз истиқоматкунандагони дигари ин муассиса шинос кард, ки Сабзагул Холова ном дошт.

Вай ҳашт сол боз дар ин муассиса бо духтари бемораш истиқомат мекунад. Аз касе гила надорад, ба касе шикоят намекунад, мубориза мебарад ва зиндагӣ мекунад.

- Апаи Сабзагул маълумоти олии иқтисодӣ дорад. Мутаассифона, духтараш баъди хатми риштаи ҳуқуқшиносӣ ба бемории асаб дучор шуд. Он ҳолат вайро маҷбур кард, ки ба ин ҷо омада, ӯро парасторӣ кунад. Ҳоло апаи Сабзагул вақти зиёдашро дар назди духтараш мегузаронад, — илова кард масъули хона-интернат.

Сабзагул Холоваро аввалан мушкили бехонагӣ, набудани марди хона ва бемории фарзанд ба ин даргоҳ овардааст. Вале бо вуҷуди зиндагии душвор, худашро ба по рост гирифтааст ва ҳамеша мубориза мебарад. Умед дорад, ки рӯзе ҳамааш хуб мешаваду аз ин ҷо бо фарзандаш меравад.

Илова бар ин, мавсуф барои беҳбудии будубош дар муассиса, хусусан корҳои занонаи хона-интернат, ёрӣ мерасонад.

БА ҶОИ ХУЛОСА

Муассисаи давлатии «Хона — интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» барои 230 нафар пирону маъюбон пешбинӣ шуда, соли 1972 ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар он 171 нафар, (102 мард ва 69 зан) аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд. 70 нафари сокинони муассиса маъюби гурӯҳҳои якум, дуюм ва сеюманд. Синну соли истиқоматкунандагон аз 18-сола то 90-соларо ташкил медиҳад. Айни ҳол 79 тоҷик, 42 рус ва 50 нафар намояндагони миллатҳои дигар умр ба сар мебаранд.

Мо бо мусоидати раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва маъмурияти Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» бо саргузаш­ти даҳ истиқоматкунандаи он шинос шудем.

Маълум шуд, ки дар ин макон онҳо аз чизе танқисӣ намекашанд, хурду хӯрок, сарулибос, ҷои хоб, ҳамсуҳбатону ҳамҳуҷраҳои ба дил наздик доранд, вале аз меҳру муҳаббати пайвандону фарзандон бенасибанд. Ба онҳо меҳру муҳаббати самимии хешовандон намерасад. Бо вуҷуди ин миннатдоранд, ки Ҳукумати мамлакат, хоса Роҳбари давлат, онҳоро хор шудан намемонад.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,

Ҳ. ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»,

Душанбе-Турсунзода-Душанбе