Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстремизм, терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар тарабхонаи «Гулрез» мулоқоти намояндагони ташкилоту идораҳо, аз ҷумла шуъбаҳои маориф, фарҳанг ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо як гурӯҳ адибону зиёиёни шинохтаи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ нависанда ва адабиётшинос Мирзо Шукурзода, шоир, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Дам» Ҷӯра Юсуфӣ, шоири ҷавон Наим Бобоев ва сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Спитамен» Фирӯз Боқӣ дар назди ҳозирин суханронӣ ва аз шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ карданд. Мақсаду мароми нопоки чунин ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ғайриқонуниро шарҳ дода, ҳамагонро ба ободкориву созандагӣ ва дигар амалҳои хайр даъват намуданд.
Ҳ. Назрулло, «Садои мардум»