Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ғайриқонунӣ, зуҳуроти номатлуби экстремизм, терроризм ва дигар ҷиноятҳо ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Пирмуҳаммад Пиров, сардори ШВКД дар ноҳия Шамсиддини Зуҳурзода, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Парвиз Амрихудоев, ҳамчунин кормандони ҷамоат, падару модарон, омӯзгорон, хонандагон иштирок намуданд.
Пирмуҳаммад Пиров оид ба зуҳуроти нангин андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки мутаассифона, чанд тан аз ҷавонони ноогоҳи ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ғайриқонунӣ ҳамроҳ шуда, дар давлатҳои бегона ба амалҳои ношоиста машғуланд.
Шамсиддин Зуҳурзода дар мавриди содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон, ҷоннок намудани мубориза бар зидди шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ташкили корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо мардуми маҳал ҳарф зад.
Дар охир аз устодони мактабҳо даъват карда шуд, ки дар ҳар як вохӯриву чорабинӣ дар ин боб бо волидайн суҳбат гузаронанд ва дар таълиму тарбияи ҷавонон беаҳамиятӣ зоҳир накарда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намоянд, ба забономӯзӣ, варзиш, ҳунарҳои миллӣ ва касбу корҳои муфид раҳнамоӣ кунанд.
Ба ин монанд вохӯриҳо дар МТМУ №7-и деҳоти «Тағояк» низ гузаронида шуданд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»