2 апрели соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷавонписарон барои хизмат дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар гардиданд. Ба ин муносибат дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ маросими тантанавии Рӯзи даъватшаванда доир шуд.
Ҳозиринро муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов табрику таҳният гуфта, афзуд, ки солҳои охир ҷавонони зиёд ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва ин гувоҳи садоқат ба сиёсати Давлату Ҳукумати ҷумҳурию маҳбубияти онҳо ба Ватан мебошад.
Аз номи волидайни наваскарон Саида Шакарбекова ва даъватшудагон Сорбон Насруллозода изҳор доштанд, ки аз фазои сулҳу амонии кишвар басо сарфароз буда, ба роҳбарияти олии кишвар, ҷиҳати таъмини зиндагии хушу гуворо, арзи сипос менамоянд.
Инчунин, тавре аз комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд, рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ноҳияҳои Мурғобу Дарвоз нақшаи даъватро пурра ба иҷро расониданд.
«Садои мардум»
****
4-уми апрели соли 2019 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар сатҳи хеле баланд «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Нахуст аз назди Комиссариати ҳарбии вилоят то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даъватшавандагон қадамзании низомӣ доир намуданд.
Сипас, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, полковник Куганзода Ҳаким Самад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №1230 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992 – 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро қироат намуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид кард, ки таъминкунандаи асосии бехатарӣ, амнияти давлат ва сулҳу суботи кишвар артиш мебошад.
- Дар давраи мавҷудият Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад», — гуфт ӯ.
Дар фарҷом ба даъватшудагон туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят тақдим шуд.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»