Дар ҷойи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли равон дар маҳаллаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайваст, муҷассамаи дучарха гузошта шуд. Маросими пардабардорӣ аз рӯи он якшанбеи гузашта сурат гирифта, дар он даҳҳо дучархарони дохиливу хориҷӣ ба хотири гиромидошти қурбониён иштирок ва лавҳаи хотиравиро гулборон карданд. Онҳоро аз пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе то Данғара нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ҳамла ба сайёҳон шаҳрвандони: Амрико — Аустин Ҷей, Лорен Гейган, Нидерландия — Воке Рене Виллемм ва Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафар шаҳрванди дигари Швейтсария — Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.
Бино ба иттилои мақомоти марбутаи кишвар, ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо анҷом доданд. Дар амалиёти боздошт чаҳор нафари онҳо «безарар гардонда шуда», танҳо Ҳусейн Абдусамадов дар боздошт аст.
Қаблан Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар робита ба ҳамлаи зикргардида даҳ нафарро дастгир кардаанд, ки ду нафари онҳо барои кумаки молӣ ва ҳашт тани дигар барои «хабар надодан» аз тарҳи ҳамла муттаҳаманд.
«Садои мардум»