Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор дар доираи «Гурӯҳи тадбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» бо дастгирии Бонки исломии рушд дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар бинои иловагии муассисаи таълимӣ бунёд ёфт.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Лутфулло Мирализода изҳор дошт, сохтмони иншоот моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, аз ду ошёна ва даҳ синфхонаи таълимӣ иборат аст. Дар он дар як баст 240 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад.
Пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Биносоз — 2015» буда, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»