Ба истиқболи 120 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур

Дар қадамҷойи Шоҳтемур

№100 (4050) 20.08.2019

IMG_20190727_191542Вақтҳои охир дар матбуот ва шабакаи Интернет, хабару мақолаҳое чоп мешаванд, ки аз ҳолати ногувори хона — музейи Қаҳрамони Тоҷикис­тон Шириншоҳ Шоҳтемур дар деҳаи Тишори ноҳияи Шуғнон қисса мекунанд. Бинобар ин, ҳангоми сафар ба шаҳри Хоруғ тасмим гирифтам, ки аз он дидан намоям. Талабгорони тамошо ба он аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳия­ҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе хеле зиёд буданд. Моро набераи Шоҳтемур — Давлатбегим истиқбол гирифт.

 Вақте вориди хонаи хурдакак шудам, боварам наомад, ки дар он тифле ба дунё омада, ки дар таъсиси давлати тоҷикон дар ҳайати Иттифоқи Советӣ саҳм  гузоштааст. Аммо он тахминан 180 ё 200 сол таърих дорад. Онро додари Шириншоҳ — Бобошоҳ то соли 1984 — рӯзи вафоташ, нигоҳубин мекард.

Шириншоҳ то 14-солагӣ дар хонаи падарӣ зиста, пас барои таҳсил ба мактаби русии шаҳри Хоруғ меравад. Соли 1937 авлоди Шириншоҳро ба шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бадарға мекунанд. Хонаи падарӣ аз он давра то соли 1989 холӣ мемонад. Бо қарори Бюрои Кумитаи ҳизби коммунисти ВМКБ тирамоҳи соли 1989 он ба хона- музейи Шириншоҳ Шоҳтемур табдил ёфт. Ороиши хона — музей ба муйқалами рассомон Саодатқадам Маҳбатқадамов ва Қаҳрамон Зардодхонов тааллуқ дорад.

Қаблан хона — музей зери назорати ҳукумати ВМКБ буд ва ду корманд дошт. Дар кушодашавиаш тирамоҳи соли 1989 котиби КМ ПК Тоҷикистон А. Додобоев, вакилони халқи ИҶШС С. Бекназаров ва Муъмин Қаноат, академик Б. Искандаров, докторҳои илмҳои таърих Ш. Султонов, Р. Масов, С. Вишневский, собиқадорони ҳизбу меҳнат Р. Юсуфбеков, А. Бобоев, М. Зоҳиров, Л. Қармишев, И. Ҳаёев, Г. Ҷавов, С. Амдинов, котиби якуми кумитаи ҳизби коммунистии шаҳри Хоруғ Қ. Қоимдодов ва меҳмонҳо аз вилоятҳои Кӯлоб ва собиқ Ленинобод, Қӯрғонтеппа ва шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизис­тон иштирок доштанд.

Таърихшинос, муҳаққиқи ҳаёти Шоҳтемур Қурбониддин Аламшоев дар китоби  «Шоҳтемур — номуси миллат», саҳ. 307 менависад: «…Дар байни 1500 экспонати гуногуни музей чизи таваҷҷуҳбарангезтар сачоқи дарозе буд, ки соли 1937 ҳангоми ширкат дар Иҷлосияи панҷуми Шӯрои Олии СССР ба Шириншоҳ Шоҳтемур туҳфа карда буданд. Аз як мард, ки як давраи муайяни таърихӣ шуҳрати хосае дошт, ҳамин ашёи камарзиш боқӣ монда буд».

Мутаассифона, баъди 40 соли тамошои хона — музейи Шириншоҳ на он сачоқи гулдӯзиро дидему на дигар экспонатҳои хона — музейро. Дуруст, ки хона — музей таъмирталаб аст, аммо на ба ҳадде ки аз он ҳангома сохтанд. Он танҳо ба таъмири косметикӣ ниёз дорад, ки онро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва сокинони Поршинев метавонанд ба анҷом расонанд.

Ҳангоми тамошо хостам, ки дар дафтари қайдҳо андешаро нависем. Аммо чунин дафтар дар хона — музей набуд. Бинобар ин, таассурот ва фикру пешниҳодҳоямро ба набераи Шоҳтемур — Давлатбегим изҳор намудем. 

Боварӣ ҳаст, ки то таҷлили ҷашни 120- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур камбудиҳои зикршуда рафъ хоҳанд шуд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»