Дар ҳар сатр маънӣ ҳасту мазмуни баланд

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

Истилоҳи «конститутсия» таърихи дуру дароз дорад ва он аз даврони Рими Қадим ба мо омада расидааст. Дар он замон ба ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ санадҳои сиёсию ҳуқуқии императорҳо оид ба муайян намудани сохтори марзию маъмурӣ, давлатӣ ва усулҳои идоракуниии давлат амалӣ мегашт. Имрӯз Конститутсия бо маънои дигар, ҳамчун Қонуни асосии давлат ё Сарқонун фаҳмида мешавад. Кулли давлатҳои ҷаҳон соҳиби Қонуни асосӣ ҳастанд, мақсад, мазмуну моҳият ва муҳтавою ҳадафҳояшон дар ин санади ҳуқуқӣ ифодаи худро ёфтаанд. Вале то ҳол давлатҳое ёфт мешаванд, ки чунин санади муқаддас ва ҳидояткунандаи марому мақсади давлати худро надоранд. Пас саволе пайдо мешавад, ки Конститутсия барои чӣ лозим аст?

Сарқонун, пеш аз ҳама, барои устуворӣ, пойдорӣ, мустаҳкамии мамлакат зарур аст.

Қабули  Конститутсия дар Тоҷикистон дар вазъияте ба миён омад, ки мамлакатро нооромӣ ва бесарусомонӣ фаро гирифта буд. Аз ин рӯ, барои пойдорӣ ва аз нав эҳё намудани давлати тозабунёд ҳуҷҷати тақдирсозе лозим буд, ки ба муноқишаҳо, бетартибиҳо ва ҷангу ҷидол хотима бахшад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала минҷумла гуфтааст:

«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳодоти доираи васеи аҳолӣ, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин, ба инобат гирифта шуданд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсию ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтаанд. Аз ин нуктаи назар, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарвоқеъ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст».

Ҳамин тариқ, бо қарори Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (алҳол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд. Бо заҳмату талошҳои ин абармарди миллат ва бо ҷалби беҳтарин неруҳои зеҳнии кишвар лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд. Шашуми ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон бори аввал иродаи худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ изҳор намуда, бо тарафдории 87,59 фоиз ин ҳуҷҷати муҳимро қабул намуд. Имрӯз мо гуфта метавонем, ки ин санади олии ҳуқуқӣ маҳсули эҷоди тамоми халқи Тоҷикистон буда, ифодагари марому мақсади мардуми он аст.

Дар дебочаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «МО — ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.».

Меъёрҳои хусусияти эъломиявидошта дар қисми дуюми моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, ки мувофиқи он Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Имрӯзҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё сохта, барои  рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар қадамҳои устувор гузошта, тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои миллии тоҷикон, ки тӯли таърих мақому манзалати худро аз даст надодаанд, инъикоси худро ёфтааст. Аз ҷумла дар моддаи дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, аз забони модариашан озодона истифода кунанд.».

Мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикӣ маънои онро надорад, ки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандоне, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чунин зикр намуд:  «Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд».

Қобили баён аст, ки риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифозати он амри зарурӣ буда, шаҳрвандон барои тақвият ва посдории он бояд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон он ормонҳои миллӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ инъикоси худро пайдо намудаанд, ки онҳо аз амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсия, ҳаёти осоишта ва арзандаи мардуми тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамбастагии қавӣ доранд. Бояд зикр намуд, ки меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон худ ба худ амалӣ намешаванд ва аз ин лиҳоз, он ба як муҳаррики пуриқтидор ниёз дорад, ки ин муҳаррик, пеш аз ҳама, давлат аст, ҷомеа аст ва шахс аст.

Ба андешаи донишмандони ҳуқуқ, рушду тавсеаи ҷомеаи маданӣ ва шаҳрвандӣ аз нигоҳи илми муосир бидуни такя ба қонун ҳеҷ аст. Таҳлилгарон таъкид менамоянд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон худ кафолат, замонат, инчунин ҳомии мукаммали ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ бе риояи қонуне, ки ҷомеаи Тоҷикистон онро ҳамчун санади муҳим ва қонуни асосӣ эътироф намудааст, хеле душвор аст. Таҳким ва тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди устувори он бо риояи ин санади ҳуқуқӣ вобастагии бузург дорад.

Тавре ки олимон мегӯянд, инсоният он гоҳ ба демократияи ҳуқуқӣ мерасад, ки фармонбардори қонун бошад. Ҷанбаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд шаҳрвандони кишвар беҳтару хубтар бишносанд, то ки баҳри таҳқиқи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии эшон мусоидат намояд.

Дар асри пуртазоди ҷаҳонишавӣ шинохти ҳар халқ ва миллат бо Сарқонуни он алоқаманд аст.

Пеш аз оне ки гурӯҳи корӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро  таҳия намоянд, конститутсияҳои зиёда аз 30 давлати дунёро омӯхтанд ва аз ин лиҳоз, он имрӯз дар радифи конститутсияҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳон қарор дорад.

Сарқонуни мо қонуни миллат бошад,

Дур аз ҳама маншаҳову иллат бошад.

Ҳар сатр ба маънӣ асту мазмуни баланд,

Дороии мо пур аз фазилат бошад.

Бузургмеҳр МУҲИДДИНОВ,  донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон