Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, дар соҳаи сайёҳӣ бунёди 7 меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки соли 2024-ум 61 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон Абдураҳмон Ғаффорзода тибқи нақша то соли 2026 дар ноҳия 277 иншоот бояд ба истифода дода шавад. Ҳамин тариқ, 538 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ ва 381 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки соли 2025 бунёди 47 иншоот ва соли 2026-ум 85 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳия солҳои 2022-2023-юм 88 иншооти нави таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дорад. Сохтмони бинои панҷошёнаи истиқоматӣ аз ҷумлаи иншооти бунёдшаванда мебошад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»