Дар доираи нақшаи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 19 иншооти гуногуни маишию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар ин замина 254 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар се соли оянда боз бунёди 368 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ 7,2 гектар замин ҷудо гардидааст, ки аллакай дар чанд қитъа сохтмон бомаром идома дорад. Корхонаҳои дучархабарорӣ, ҷӯроббофӣ ва истеҳсоли доруворӣ аз ҳамон қабиланд, ки то таҷлили ҷашни бошукӯҳ ба истифода дода хоҳанд шуд.
Айни замон, дар асоси нақшаи генералии шаҳр сохтмони 61 бинои истиқоматӣ, хизматрасонӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва варзишӣ ҷараён дорад.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»