Дар Дӯстӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат доранд

№127 (4867) 25.10.2024

Дарвозаи н. ДӯстӣДар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Дӯстӣ хеле ободу зебо гашта, имрӯзҳо сокинони заҳматқарини он бо дили гарм пайи ободии бештари диёри хеш камари ҳиммат бастаанд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат то ин дам дар ҳудуди ноҳия 191 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, дар онҳо сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷои кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода зимни суҳбат иброз намуд, ки таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар зарфи нуҳ моҳи соли 2024 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

- Дар ноҳия давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 109 фоиз иҷро шуд. Ба буҷети маҳаллӣ 46,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 3,7 миллион сомонӣ аз нақшаи пешбинигардида зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон ба буҷети ноҳия 27,3 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуд, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, 94 фоиз иҷро гардида, дар ин давра ба тамоми соҳаҳои буҷетӣ 76,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, — иттилоъ дод Даврон Нишонзода.

Аз 84 лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2021-2025», ки арзиши умумии онҳо 245 миллиону 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад, то имрӯз 27 лоиҳа иҷро ва татбиқи 30 лоиҳаи дигар идома дорад. Арзиши лоиҳаҳои иҷрошуда 207,7 миллион сомониро дар бар гирифта, 84,6 фоизи барномаро ташкил медиҳад.

Саноатчиёни ноҳия дар 9 моҳ ба маблағи умумии 171,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондод 103,2 фоизи нақшаро дар бар гирифта, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия панҷ коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 1 миллиарду 473,4 миллион сомониро ташкил дода, ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида 152,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳудуди ноҳия дар майдони умумии 19 ҳазору 406 гектар кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Зироати асосӣ — пахта дар майдони 7732 гектар кишт шуда, пахтакорони ноҳия азм доранд 18 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.

- Дар ноҳия ҷиҳати шоиста истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дошта, бунёди 267 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора аллакай 191 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар қисмати зиёди иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Танҳо дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 35 иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзиш сохта ба истифода дода шуд, ки дар онҳо беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимию мавсимӣ таъмин гаштанд, — афзуд раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»