Дашти Язгулом, ки замоне макони ободу зебое буд, бо мурури замон ба харобазор мубаддал гашт. Барои эҳё кардани маконҳои харобгашта ва рушди инфрасохтори деҳот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди деҳотро ба роҳ монд, ки тибқи он дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар масофаи 7 километр ба дашт хати оби полезӣ оварда шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ барои эҳёи Дашти Язгулом нахуст заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, ба деҳқонон вобаста кард. Дар муддати ду сол Дашти Язгулом эҳё гардида, ба макони истироҳатӣ табдил ёфт.
Ба гуфти сардори Идораи кишоварзии ноҳия Ҷавҳарӣ Неъматов, ҳоло дар ин мавзеъ 62 гектар замини киштбоб ва 27 гектар боғот мавҷуд аст, ки кишоварзон ҳар сол аз он ҳосили баланд ба даст меоранд. Дар шафати шоҳроҳ корхонаи истеҳсоли хишт фаъолият дошта, маҳсулоти он барои сохтмони иншооти ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон харидорӣ мегардад.
Ҳоло дар ин макон 15 оила истиқомат мекунанд. Фарзандони сокинонаш аз ин пеш дар мактаби деҳаи Мотравн таҳсил мекарданд, ки он дар масофаи 7 километр дуртар воқеъ аст. Ин мушкилро ба назар гирифта, мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои бунёди мактаби ибтидоӣ аз ҳисоби буҷети вилоят 260 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
Дар муддати кӯтоҳ ҶДММ «Шодмон» сохтмони муассисаи таълимиро бо усули муосир анҷом дод, ки он аз чор синфхона, ҳуҷраи директор ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буда, таҷҳизоти хониш аз ҳисоби Раёсати маорифи ВМКБ таъмин гардидааст.
Умуман, дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти «Язгулом» мактабҳо пурра навсозӣ ва таъмир гардида, марказҳои хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, варзишгоҳҳо ва як қатор биноҳои маъмурӣ бунёд шуданд. Ба гуфти сармеъмори ноҳияи Ванҷ Манучеҳр Иброҳимов, дар солҳои наздик барои фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон ва мусофирону сайёҳон сохтмони бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти муҳим дар назар дошта шудааст.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»