Дар Душанбе Конференсияи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад

№ 20.12.2024

17-уми декабри соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар  нишасти 7-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки ба таври маҷозӣ доир шуд, ҳозиринро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват намуд.

- Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  дар ҳолати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар раванди табдилдиҳӣ ба созмони байналмилалӣ бобати мубориза бо хатарҳои муҳити зудтағйирёбандаи байналмилалӣ муассиртар хоҳад шуд, — афзуд Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишаст.

Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамчунин, бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе доир мегардад, даъват намуд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»