Тавсифи хизматрасонии кормандони Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»- и ноҳияи Варзобро аз забони онҳое, ки дар ин макони зебою обод қаблан фароғат намуданд, шунида, вале аз наздик надида будам. Вақте ки истироҳату фароғат барои ман дар он муяссар гардид, ба ҳақиқат доштани тавсифҳо бовар намудам.
Тӯли чанд рӯзи истироҳат дар ин мавзеи биҳиштосо ман бори дигар эҳсос намудам, ки сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам аз ҷониби инсонҳои неку шоиста, аз ҷумла директори муассиса Чеҳрагул Қосимова, сардухтури осоишгоҳ Бахтиёр Абдураҳимов, ҳамшираи калони шафқат Зебунисо Маҳмадиева, ҳамшираи шафқат Одинабибӣ Шокирова, сарошпаз Собира Мирзоева ва дигар ҳамкорони онҳо бевосита дар амал татбиқ мегардад. Аз ин рӯ, онҳое, ки шарафи истироҳату табобат дар осоишгоҳ насибашон мегардад, бо як ҷаҳон таассуроти нек ба макони зист бармегарданд.
Табобату истироҳат барои собиқадорони ҷангу меҳнат дар осоишгоҳ ройгон аст ва тибқи нақша ҳар сол дар он 800 нафар ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Дар тӯли умр ман дар якчанд истироҳатгоҳу табобатгоҳи кишварҳои дигари ҷаҳон низ табобат гирифтаам ва бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки сатҳи хизматрасонӣ, табобату фароғате, ки дар осоишгоҳи «Харангон» барои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ муҳайё гардидааст, баробар ба табобатгоҳу фароғатгоҳҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳонист.
Шиори кормандони осоишгоҳи «Харангон» — «Гуфтори нек, кирдори нек, хушмуомилагӣ, меҳрубонӣ, ғамхор будан ва интизоми намунавист». Маҳз заҳмати ҳалолу софдилона ва муомилаи хубу шоистаи кормандони осоишгоҳ буд, ки он дар соли ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Беҳтарин муассисаи истироҳатию табобатии сол» эътироф гардид.
Муддате, ки ман дар ин муассиса табобат гирифтам, худро дар ҳалқаи кормандони масъулиятшиносу хушмуомила дарёфтам. Онҳо ба куҳансолон фарзандвор хизмат намуда, дуои некашонро мегирифтанд. Маҳз маданияти баланди хизматрасонӣ дар ин ҷо боиси ифшои ин сатрҳои меҳромез нисбат ба онҳо гардид.
Ман дар қатори садҳо нафаре, ки дар ин ҷо истироҳат кардаву саломатӣ барқарор намуданд, қабл аз ҳама, ба Сарвари ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин фароғатгоҳи хуб сипас, ба кормандони осоишгоҳ барои дар сатҳи баланд ташкил карда тавонистани хизматрасонӣ миннатдорӣ баён мекунам.
Ҳомидбек ДАВЛАТОВ, собиқадори меҳнат, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Кӯшониён