Бо бо Қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 19 сентябри соли ҷорӣ, 291 ҳазору 450 сомонӣ ҷудо гардида, ба ҳар оилаи афсарону сарбозони фавдида дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонида шуд.
Дар ин бора, муовини сардори Раёсати банақшагирии буҷети давлатии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Меҳроҷ Ну ралиев иттилоъ дод. Ҳамчунин, рӯзи 22 сентябри соли равон 30 ҳазор сомонӣ барои се оилаи дигар ҷудо гардид, ки наздиконашон дар даргириҳои марзӣ аз ҷониби сарҳадбонони қиргиз ба ҳалокат расиданд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба оилаҳои сарбозони шуҷои Ватан, ки аз тири нохалафи ҷангҷӯёни қирғиз ба шаҳодат расиданд, кумакҳои ғизоӣ расонида шуд.
Бинобар маълумоти расида, дар маҷмӯъ, аз вилояти Хатлон 32 афсару сарбоз аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар муноқишаҳои ахири марзӣ ба ҳалокат расиданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»