Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ниҳолҳои шинонидашуда аз парваришгоҳҳои ватанӣ ва кишварҳои Испания, Белгия, Италия, Сербия ва Голландия харидорӣ шудаанд.
Тибқи нақшаи кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020 – 2021, мавсими имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шавад. Ҳамчунин, майсазор кардани 300 ҳазор метри мураббаъ ва шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион гули лола, 710 ҳазор гули садбарг ва 6,6 миллион гули мавсимӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»