Дар хусуси вазъияти Бадахшон

№9 (4429) 11.01.2022

Ҳамдиёрони азиз!

Чандин сол аст, ки масъалаи ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ вирди забони мардуми ҷумҳурӣ, минтақа ва олам гаштааст. Яқин аст, ки чунин ҳолат, пеш аз ҳама, манзалату обрӯи бадахшониҳо ва миллати тоҷикро доғдор месозад.

Ман муътақид ҳастам, ки чунин вазъ аз беҳавсалагӣ ва кори ниҳоят сусти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва махсусан, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят сарчашма мегирад.

Ҳукуматдорони шаҳри Хоруғ бояд бо мардум дар якҷоягӣ кор кунанд. Ҳамзамон бо ин, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр якрӯ, яктан, бомасъулият ва қотеъона низоми давлатдорӣ ва тартиботи ҷамъиятиро дар шаҳри Хоруғ таъмин созанд.

Саволе пеш меояд, ки иллати фаъолияти ғайриқаноатбахши мақомот дар ВМКБ дар чист? Пеш аз ҳама, дар рӯйбозиву риёкории кормандони он. Онҳо намехоҳанд, ки бо ин ё он шахс, ҳатто он одам ҷинояткор ё барои ҷомеа хавфнок ҳам бошад, муносибати худро вайрон кунанд.

Суоли посухҷӯи дигар он аст, ки рӯю риёбозӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон аз куҷо маншаъ мегирад? Банда солҳои навадуми асри XX боре аз раиси Суди вилоят (ё шояд прокурор буд) Иванов суол кардам, ки хулосаи коратон дар Хоруғ чист? Ҷавоб дод, ки: «О какой работе ты тут говоришь? В Хороге кругом одни питиши. Тут некого ловить» («Дар бораи кадом кор ҳарф мезанӣ? Дар Хоруғ ҳама питиш (амакбача, холабача)-и якдигаранд. Ин ҷо касеро дастгир кардан мумкин нест»).

Ҳамин хотирбиниҳо боис гардиданд, ки ҷинояткорон беҷазо монанд. Вақте ки барои ҷиноят ба маҳкама кашида намешаванд, дар назари ҳамдастони худ қаҳрамон метобанд, ба шахсияте табдил меёбанд, ки ҳатто милисаву прокурор аз вай метарсад. Ва ба лидери ғайрирасмӣ, вале бисёр соҳибнуфузи ҷомеа табдил меёбанд. Яъне, чунин лидеронро тарсуӣ, бесалоҳиятӣ, бевиҷдонӣ, вазифаношиносӣ, ришвахорӣ, хешутабору ошнобозии худи мақомот ба вуҷуд меорад!

Агар ба гапам бовар накунед, марҳамат, ба таърихи пайдошавии ҳар як ба ном лидери имрӯзаи ғайрирасмии Бадахшон рӯ оваред.

Аз соҳибмансабони даврони шӯравӣ то имрӯз, даст рӯи дил гузошта, иқрор оваранд, ки чанд маротиба ин лидерон қонуншиканӣ кардаанду онҳо нисбаташон ё парванда оғоз накардаанд ё виҷдони худро фурӯхта, қатъ кардаанд.

Пас, аз рӯи инсоф бигӯед, ки ин қаҳрамононро кӣ ба вуҷуд овард? Мансабдорон ё халқи одӣ? Мансабдороне, ки дар паси парда солҳо чеҳраҳои мунофиқонаи худро пинҳон сохтаанд ё ҷавононе, ки имрӯз ба сабаби надонистани моҳияти масъала аз рӯи фанди хешу табордорӣ ба ҳимояти ин ё он лидер бармехезанд?!

Бояд ба назар гирифт, ки дар шаҳру деҳоти тангу камаҳолии Бадахшон ягон ҳаракату коре аз назари аҳолӣ пинҳон намемонад. Ин омил дар масъалаи муносибати сокинон ба мақомот ва дараҷаи обрӯву нуфузи мақомот дар байни халқ нақши калидӣ дорад.

Ман ҳамдиёронамро ба ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ёрӣ расонидан ба онҳо барои ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷинояткор даъват менамоям.

Бояд тазаккур дод, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ акнун имкони халос хӯрдан аз лидерони ҷудоиандоз, нашъафурӯш, тангназар ва худписанд ба вуҷуд омадааст.

Ҳукумат мехоҳад, ки ба тантанаи чандинсолаи ин гурӯҳҳо нуқта гузорад, зеро онҳо муттасил бо кирдорҳои авбошона ба кори муътадили мақомот ва осудагиву оромии шаҳрвандони одӣ халал мерасонанд.

Низоъҳоеро, ки онҳо дар ҷомеа меандозанд, боиси хушнудии бадхоҳони миллат ва давлат, онҳое мегардад, ки ҷумҳуриро солҳои 90-уми асри XX ба коми оташи ҷанг тела дода буданд. Вале бояд дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дасти Ҳукумат мерасад. Он қодир аст, ки амнияти шаҳрвандонро дар ҳама гуна вазъу ҳолат ҳимоя намояд.

Ман тайи даҳ соли охир дар мақолаҳоям чандин маротиба ба масъалаи Хоруғ, ки маркази асосии нобасомониҳои вилоят мебошад, рӯ оварда, андешаву бардоштҳоямро навишта будам. Мақолаҳоям боиси гуфтумонҳои зиёде ҳам гаштанд. Ҳатто ҳақоратҳои қабеҳ ҳам шунидам. Вале бо ҳақорату дашному таҳқири онҳое, ки масъалаҳои доғи Хоруғро ба миён мегузоранд, гиреҳи мушкилот боз намегардад.

Мардуми Помир ҳамин хел, танқиду гапи ростро шунидан намехоҳад. Фарзандашон, хешу таборашон авбошӣ ҳам кунанд, ҳатто ягон касро кушад ҳам, бояд органҳои давлатӣ ба вай кор нагиранд.

Ҳатто ба маҳкама ҳам кашанд, чандин хешу табору ёру ҷӯрааш ба такудав медароянд, ки ӯро суд накунанд. Дар ин бора даҳҳо мисол оварда метавонам, лекин бо яктояш иктифо мекунам.

Моҳи июли соли 2018 ҳангоми рухсатӣ ба зодгоҳам рафтам. Ҳамон шабу рӯз кадом як ҷавоне дар роҳи ҷониби санаторияи Ҷелондӣ шахсеро, ки дар қади роҳ дар назди автомобили худ истода будааст, зер карда, ба ҳалокат мерасонад. Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки ронанда мошину шахси дар наздашистодаро возеҳу равшан дидааст, аммо рост омада, он мардро зер кардааст. Ин ронандаи бехирад, (мутаассифона, номаш дар хотирам намондааст), чанд моҳ пеш аз ин, ба ҳамин тариқ, шахси дигареро ҳам бо мошинаш зер карда будааст. Бо такудави хешу табораш ӯ аз суд шудан наҷот меёбад. Ҳатто аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрумаш ҳам накардаанд. Дар натиҷаи пӯшондани он ҷиноят, ин ҷинояти дигар сар мезанад. Боз ҳамон хешу табор — питишу амаку тағову акаву додару янгаву қайсингулу ҳоказо, дастаҷамъона барои аз ҷавобгарӣ озод кардани он бадбахт ба такудав меафтанд.

Рӯирост бояд иқрор шуд, ки ҳанӯз дар охирин рӯзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати реалӣ дар шаҳри Хоруғ ба дасти саркардагони олами ҷиноят гузашта буд.

Мардуми одӣ аз онҳо метарсиданд, чун аз дасти онҳо ҳама гуна кори паст меомад. Органҳои дахлдори давлат нисбат ба онҳо мавқеи бетарафона гирифта буданд, чун агар милиса дастгир кунад, прокурор ҷавобашон медод. Прокурор дастгир кунад, суд бегуноҳашон мебаровард ва ғайра. Сабаб боз ҳамон питишбозӣ, хешутаборчигӣ, ҳамшаҳригарӣ…

Ҳоло ҳама дар хусуси печидани иддаи бузурги ҷавонони Хоруғу атрофи он ба афюну бангу ҳероин ҳарф мезананд. Вале шояд на ҳама донанд, ки заминаи онро наркобаронҳои машҳур ҳанӯз дар солҳои 80 — уми асри гузашта гузошта буданд! Аммо аз он ки касе пишаки онҳоро пишт нагуфт, ин рӯбоҳон аз пушти маводи мухаддир сарвати ҳангуфт андӯхта, ба шерони жаён, ҳатто қаҳрамонон, табдил ёфтанд.

Аз мусолиҳакориву саҳлангории мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ дар атрофашон лидеру лидерчаҳои нав ба нав пайдо шудан гирифтанд ва Хоруғу Шуғнонро дар байни худ тақсим карда, ҳокимони мутлақ шуданд.

Агар ин лидерҳо ба ҳамин сурате, ки гуфтам, пайдо нашуда бошанд, марҳамат, касе далелу исботи дигаре дошта бошад, бигӯяд, ман аз ӯ ва ҳар як шунаванда, расман, узр хоҳам пурсид.

Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ин лидерон мардумро ба чӣ балоҳо гирифтор карданд, барои ҳар шахси солимфикре, ки ҷанги худкушии тоҷиконро аз сар гузарондааст, мисли офтоб равшан аст.

Ман андешаҳою ёддоштҳоямро дар ин бора дар китоби «Одами тиллоӣ», маҷмӯи хотираҳоям бо номи «Хоруғ 1994 — 95» ва ғайраҳо ба чоп расондаам. Ба аксари ҳамдиёронам, ҳатто дӯстони наздикам писанд наомаданд. «Чаро дар бораи мардуми худат чунин чизҳо навиштӣ?» — озурдахотирона мепурсанд онҳо.

Пас аз ин хел гуфтумонҳо ба худ савол медиҳам:

Оё наркобаронҳову шӯрапуштону тангназарону маҳалчиёни ашаддие, ки боиси бадбахтии халқи ман гардидаанд, мардуми мананд?

Оё ба ин далел, ки инҳо ба забони модарии ман гап мезананду дар кадом як зовияе риштаи хешовандамон ба ҳам гиреҳ мехӯрад, бародарони мананд?

Оё ба хотири ҳамтабор будан аз тамоми бадбахтиҳое, ки ин ноҷавонмардон ба сари мо оварданд, чашм пӯшаму «девор афтад, дарун афтад» гуфта, ба даҳон об гирифта, бинам, ки инҳо боз ба чӣ тавтеаҳое даст мезада бошанд?

Ҳазор афсӯс, носазо гуфтану ҳақорати қабеҳ додану таҳқир намудани одамони барӯманди Бадахшонзамин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба расми одӣ табдил ёфтааст. То ба дараҷае ки як рӯз агар ягон рафтори он шахс ба табъи баҳоимонаашон мувофиқ афтад, ӯро ба осмони ҳафтум мебароранд. Аммо Худо накарда, ягон ҳарф ё амалаш дар назари онҳо зидди манфиатҳои бӯгинашон намояд, тӯфони ҳақорату борони маломат ба сари ӯ дарёи равон мешавад. Ва чун шахси дучори бемории склероз аз ёд мебароранд, ки дирӯз ӯро фариштаи пок бароварда буданд.

Барҷастатарин мисол барои ин иддао гуфтумонҳои як соли охири шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси раиси пешинаи вилоят Ёдгор Файзов мебошанд. Бахусус, ба гурӯҳҳое таваҷҷуҳ намоед, ки онҳо ба Бадахшон рабт мегиранд.

Назар ба норизояту ҳақоратҳои баёншуда, ки аксар ба забони шуғнонӣ навишта шудаанд, Файзов набояд амру фармонҳои Ҳукуматро иҷро кунад, бояд бар зидди Ҳукумати марказӣ амал намояд.

Олитарин намунаи ифрот дар маҳалчигиву меҳмонбадбинӣ!

Калонсолон медонанд, ки ҷанги худкушии солҳои 90-уми асри гузашта бо «ташаббуси» ҳамин гуна хушкмағзони тангназари тундрави ифротӣ сар зад ва талхии онро миллати мо то ба ҳол чашида истодааст.

Шӯрандозиву авантюристии ҳамин гуна бефаросатони давр буд, ки Хоруғи орому осуда ба нооромтарин нуқтаи Тоҷикистон мубаддал гашт.

Илм, фарҳанг, адаб, маориф ночиз шуд. Зӯроварӣ, ҳамдигаркушӣ, нашъамандӣ, духтарҷаллобӣ, авбошпарастӣ ба авҷи аъло расид.

Аҳли фазлу ҳунар муҳтоҷи як пора нон гашт. Бар замми нодориву қашшоқӣ ҳар замон мавриди озору таҳқири авбошону ҷиноятпешагоне, ки ягон мақоме, пеши роҳашонро гирифта наметавонист, қарор мегирифтанд. Ба ин сабаб, ҳамаашон роҳи пойтахт ё дигар шаҳрҳои амни ҷумҳуриамонро пеш гирифтанд.

Ман, ки фаъолтарин узви маҳфили адибони вилоят будам, дар фазои зангзадаи Хоруғ дигар нафаси озод кашида натавониста, соли 1995 ба Душанбе кӯчидам.

Як сол пас нависандаи забардаст Наҷмиддин Шоҳинбод ба Хуҷанд кӯч баст. Раънои Мубориз ҳам дигар бо муҳити атроф мадоро карда натавонисту ӯ ҳам ба пойтахт омад. Дар ин солҳои наҳс даҳҳо сароянда, мутриб, ҳунарпеша, муҳандис, меъмор, наққош ва намояндагони дигар касбу кор Хоруғи гулрангро бебозгашт тарк карданд. Дар натиҷа, фазои маънавии бе ҳамин ҳам тунук, тамоман холӣ гашт. Бехирадон бар бохирадон, ҷоҳилон бар оқилон, тангназарон бар дарёдилон, зулмот бар равшанӣ пирӯз гашт.

Аз шоирони номвар, ба сабаби куҳансолӣ, дар Хоруғ танҳо устод Ширин Бунёд монд, ки шамъи рақиқи маърифату адабро аз пуфбоди ҳодиса нигаҳбонӣ мекард. Аммо ҳамин як шоирро ҳам дар он муҳит рӯи хуш надоданд. Ҳатто пас аз маргаш ҳам тангназарони бемаърифат, назар ба қавли як дӯстам, портрети филизии дар сари роҳи деҳааш гузоштаро бо сангандозӣ сӯрох-сӯрох кардаанду баннери акси дар маркази ноҳия гузоштаи ӯро ҳамин сол оташ задаанд!

Оё дидаед ё шунидаед, ки дар Панҷакент ё Хуҷанд ё Кӯлоб ё Ҳисор ё Ғарм халқ ба шоири номвараш чунин муносибатро раво дидааст?!

Пас шумо, эй ҳамдиёрони маърифатбадбини ман, беҳтаред ё онҳое, ки ҳамдиёрам наянд, вале бадтарин авбошашон дар хусуси нобуд кардани акси аҳли адабу илм ҳатто андеша ҳам намекунад?

Оё ман пас аз ин ҳама таҳқир боз ҳам тарафи шуморо гирам? Ё «сари кафида зери тоқӣ» гӯяму сӯзаму дам ба дарун зада бишинам?!

Наметавонам!

Хоруғ ҳам бояд билохира ба шаҳри ором, меҳмондӯст ва муътадилавзоъ табдил ёбад.

Барои расидан ба чунин мақсад дар навбати аввал бояд нуфузи ба ном атаманҳои кӯчабозориро ба сифр баробар кард. Дигар, ҳамаи онҳоеро, ки таҳти таъсири ин саркардаҳои худобехабар фазои зиндагии шаҳрро олуда месозанд, зери назорати мақомоти дахлдор гирифта, барои баромадан аз ин буҳрони равонӣ ба онҳо ёрӣ расонд.

Росташ, ман фикр мекардам, ки солҳои охир эҳсоси бегонабадбинӣ дар Хоруғ хеле кам шудааст. Аммо ин гумонам иштибоҳ баромад: мисли ҳарвақта ҳоло ҳам шахси аз минтақаи дигар омадаро зуд мавриди «тергав» қарор дода, аз ӯ базӯр пул мекананд. Моҳи июли соли 2021 бо дӯстони душанбегии худ ба Хоруғ рафта, ба мақсади харид дар назди бозори марказӣ автомобиламонро нигоҳ доштем.

Ҳанӯз дари онро накушода, дар наздамон марди тахминан ҳамсоли ман ҳозир шуд ва ба ронанда гуфт: «Ин ҷо система ҳаст, системаро бояд риоя кунӣ».

Ман ӯро зери маломат гирифтам. Вай таҳдид кард, ки «ман туро ҳоло бурда, разбор мекунам». Лекин чун дид, ки ба шуғнӣ гап мезанаму аз ӯ сари тарс надорам, ғур-ғуркунон туъмаи худро раҳо кард.

Пас, инсофан бигӯед, ки бо ҳамин гуна муштзӯрону бадниҳодон Хоруғ чӣ обрӯе касб карда метавонад?

Ё дар ин бора ҳам нагӯем, зеро он марди «системачӣ» одами худисту худӣ агар кофармоҷаро ҳам бошад, ба ӯ коре набояд бигирем? Ба фикрам, не! Вақти муросову мадоро бо чунин ашхоси фикргандида гузашта рафт! Давои ин дардҳо итоати бечунучаро ба қонун асту дигар ҳеҷ.

Бояд аз раис сар карда, то шаҳрванди қаторӣ қонунро риоя намояд, дар акси ҳол ба ҷои ба ном лидерҳои аз кор афтода, лидерҳои нав бо ҳилаву найрангҳои тоза пайдо шуда, боиси эҷоди мушкилиҳои боз ҳам печидатар мегарданд.

Ашхосе ҳам ҳастанд, ки берун аз Тоҷикистони азиз умр ба сар мебаранд. Ба ҷои он ки мисли шаҳрвандони кишварҳои пешрафта ва тамаддунофар ба Ватани аҷдодӣ дасти ёрӣ расонанд, сармоягузорӣ кунанд, дар андешаи рушди он бошанд, баръакс бар оташи ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ равған мерезанд, вазъро боз ҳам печидатар месозанд. Ман ҳамчун зодаи Бадахшон нисбат ба чунин ашхос эҳсоси нафрат дорам. Ва гуфтанӣ ҳастам, ки агар ба Ватани худ фоида расонида наметавонед, хоҳиш мекунам, масъулияти инсонӣ ва меҳри ҳамдиёриро барои таъмини суботу оромии кишвар гум накунед.

Вазифаи мо ва аҳли ҷомеа аст, ки ҷавонони гумроҳро аз зери таъсири он ҷинояткороне, ки барои ватани аҷдодӣ ақаллан дарахтеро сабз накардаанд, хиштеро болои хиште нагузоштаанд ва дар назари ҳамдиёрон ғайр аз ҷинояту бадномӣ хотираи дигаре боқӣ намегузоранд, берун созем.

Ҳар кас бояд бидонад, ки то замоне дар шаҳри Хоруғ ҷиноят ва ҷинояткорон озод ҳастанд, обрӯю манзалати сокинони Бадахшон зери суол қарор хоҳад дошт.

Аз ин вабо, ҳар чӣ зудтар, бо истифодаи тамоми роҳу имконият раҳо бояд ёфт. Фардо дер ­мешавад.

Ато МИРХОҶА