Дар Исломобод вазъи Афғонистон баррасӣ мешавад

№ 17.12.2021

btyШонздаҳуми декабри соли равон Муовини раиси намояндагӣ ва феълан кордори Сафорати Покистон дар Душанбе Шаҳид Алӣ Сиҳар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки 17-умин Иҷлосияи фавқулодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ (OIC) 19 декабри соли 2021 дар шаҳри Исломобод баргузор мегардад. Вай афзуд, ки ҳадафи нишаст баррасии вазъи Афғонистон мебошад.

Покистон  ин иҷлосияи муҳимро бо ташаббуси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки раиси нишасти СКИ (OIC)  мебошад, баргузор мекунад. Покистон, ҳамчунин, ба бархе аз кишварҳо, ки аъзои созмон нестанд, аз қабили  Чин, ИМА, Британияи Кабир, Россия, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Австралия ва Канада даъвати махсус ирсол намудааст. Ба ғайр аз ин, намояндагони баландпояи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ даъват шудаанд. Мақсад аз даъвати кишварҳо ва созмонҳои ғайриаъзои Созмони Конфронси  Исломӣ (OIC) мусоидат ба дастёбӣ ба тавофуқи байналмилалӣ дар мавриди баровардани Афғонистон аз буҳрони кунунии башардӯстонаю иқтисодӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар он кишвари азияткашида аст.

Кордори Сафорат таъкид намуд, ки тибқи гузориши СММ, алҳол 22,8 миллион нафар афғон бо камбуди шадиди ғизо мувоҷеҳ ҳастанд ва 3,2 миллион кӯдаки афғон дар вартаи норасоии шадиди ғизо қарор доранд ва вазъ рӯз то рӯз бадтар мешавад. Вай афзуд, ки фарорасии зимистон вазъро боз ҳам бадтар кардааст ва дар сурати беназорат мондани он метавонад ба бузургтарин буҳрони башардӯстона дар ҷаҳон табдил ёбад.

Кордори Сафорат зикр кард, ки сафари ба наздикӣ анҷомдодаи вазири умури хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ба чаҳор кишвари ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон, таъсиси минбари шаш кишвари ҳамсоя бо ибтикори Покистон, ширкат дар нишастҳо дар Маскав формат ва баргузории мулоқотҳои «Сегона-плюс» аз талошҳои пайвастаи Покистон дар ин замина бозгӯ мекунад.

Шаҳид Алӣ Сиҳар таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз вазъ дар Афғонистон нигарон аст ва Покистон бар ин назар аст, ки СКИ метавонад дар кумак ба бародарону хоҳарони афғон роҳнамоӣ кунад.Ҳарчанд кумакҳои фаврии башардӯстона авлавиятҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонад, аммо андешидани иқдомоти амалӣ барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон яксон муҳим аст. Вай афзуд,ки дар сурати ҷилавгирӣ аз бӯҳрони башардӯстона ва таъмини суботи иқтисодӣ метавон сулҳро дар ин кишвар мустаҳкам кард. Он инчунин барои пойдории сулҳ дар минтақа  аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Шаҳид Алӣ Сиҳар гуфт, ки  бо дарназардошти вазъи кунунии Афғонистон, идомаи ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Афғонистон ҳатмист.Ҷомеъаи ҷаҳонӣ набояд иштибоҳҳои гузаштаро дар танҳо гузоштани мардуми Афғонистон такрор кунад, зеро чунин амал як нокомии бузурге аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

- Барои ширкат дар нишасти дарпешистода ҳайати баландпоя аз Афғонистон низ даъват карда мешавад, то ин ки онҳо бо ҷомеаи байналмилалӣ робита дошта бошанд ва ҳамаи намояндагони даъватшуда аз воқеияти кунунии Афғонистон огоҳ шаванд. Ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қабули қарорҳои бошуурона ва дастаҷамъона бо мақсади беҳтар кардани вазъ дар Афғонистон кумак хоҳад кард, — гуфт Шаҳид Алӣ Сиҳар.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»