Дар Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Панҷ», воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун, бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, истифодаи васеи манбаъҳои гуногуни тавлиди энергияи барқароршаванда дар соҳаҳои иқтисодиёт ва татбиқи «иқтисоди сабз» корхонаи истеҳсоли мотоскутерҳои барқӣ ба роҳ монда шудааст.
Тавре зимни суҳбат роҳбари маъмурияти МОИ «Панҷ» Мумин Илҳом иттилоъ дод, ин корхона бо ибтикори ҶДММ «Технологияҳои офтобӣ» бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 800 ҳазор доллари ИМА мебошад. Айни замон марҳилаи аввали бунёди корхона ба охир расида, дар марҳилаи дуюм идома дорад. Он дар масоҳати ду гектар замин бунёд мегардад.
Корхона қисмҳои эҳтиётиро аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда, дар ин ҷо бандубаст мекунад. Дар ҳафт моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ корхона зиёда аз 50 адад скутерро пешкаши мизоҷон гардонида, масъулин нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли ин навъи дучархаҳои барқиро ба 500 адад дар як моҳ расонанд. Дар назар аст, ки оянда дар корхона истеҳсоли панелҳои офтобӣ, автомобилҳои барқӣ ва аккумуляторҳо ба роҳ монда шавад.
Айни замон 10 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, марҳила ба марҳила шумораи кормандон зиёд карда мешавад.
Ҳамсуҳбатамон иттилоъ дод, ки дар МОИ «Панҷ» соли ҷорӣ бо иқдоми ҶДММ «ТТ- Пластик» корхонаи коркард ва истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ бунёд шуд, ки иқтидори солонаи он 300 ҳазор дона қуттиҳои пластикӣ мебошад.
Арзиши лоиҳавии он 500 ҳазор доллари америкоиро дар бар гирифта, 20 сокини маҳаллӣ ба ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.
Феълан дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ, аз қабили ҶДММ «Сантехник Сервис» самти фаъолияташ хизматрасонии сохтмонӣ, ҶДММ «Милал — Интер Ҷойнт» — хизматрасонӣ, истеҳсолот, савдо ва тиҷорат, СИ «Авазов» — сардхона бо нигоҳдории 300 тонна маҳсулот, КФ ҶСП «Фон — Дарё» — коркарди нефт ва истеҳсоли биоэтанол, ҶДММ «Буроқ — 2 ЛТД» — тиҷорати семент ва ангиштсанг, ҶДММ «Ёсумин» — хариду фурӯши автомобилҳои хориҷӣ, ҶСП «Ансор — Групп» — истеҳсоли ғулачаҳои ҷуворимакка, ҶСП «Нури Сомонӣ»-истеҳсоли аккумулятор ва панелҳои офтобӣ, ҶДММ «Мушки Сино» — истеҳсоли атриёт ва маводи антисептикӣ ва ҶДММ «Тиҷорат — сохтмон» самти фаъолияташ хизматрасонии сохтмонӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»