Дар ноҳияи Восеъ сохтмони 408 иншоот ба нақша гирифта шудааст

№12 (4595) 12.01.2023

КоллажБино ба иттилои мудири бахши меъмории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Рустам Ҳисайнов, дар чор соли оянда бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 408 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. 28 муассисаи таълимӣ 84 маркази хизматрасонию савдо, 23 толору майдончаи варзишӣ, 6 хонаи фарҳанг, 25 бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, 81 коргоҳу корхонаи хурди саноатӣ ва 50 иншоот дар самти кашидани оби нӯшокию обрасонӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

- Дар 11 моҳи соли 2022 чор муассисаи таълимӣ, беморхонаи марказӣ, синфхонаҳои иловагӣ, ду ҳавзи шиноварӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов, толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар маркази ноҳияи Восеъ, бинои Қасри фарҳанг, боғи фарҳангӣ ба истифода дода шуданд, — афзуд Рустам Ҳисайнов.

Аз ҳисоби Бонки рушди Олмон сохтани чор муассисаи таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ва Миралӣ Маҳмадалӣ бо 240 ҷойи нишаст идома доранд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳияи Восеъ якҷо бо соҳибкорони маҳаллӣ 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 барои 250 хонанда рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ҳамчунин, хона — музейи Рустами Холалӣ мавриди истифода қарор гирифт.

- Дар 11 моҳи соли 2022 аз иншооти банақшагирифташуда дар ноҳия 46 — то пурра ба анҷом расид, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Рустам Ҳисайнов.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»