Аз сабаби тарсу асабонияти давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар дастонам доғҳои сафед пайдо шуданд. Бинобар надоштани маблағ сари вақт табобат гирифта натавонистам. Моҳи марти соли равон бо мақсади муолиҷа аз Ташкилоти хурди қарзии «Финка» 3500 сомонӣ қарз гирифта, шаш моҳи аввал ҳар моҳ 120 сомонӣ қарзро пардохт намудам. Аз моҳи октябр ҳаҷми пардохти қарз 350 сомонӣ муайян шудааст. Моҳ ба охир расида истодаасту ман имкони пардохти қарзро надорам, зеро дар ҳеҷ ҷой кор намекунам. Азбаски муҳлати пардохт гузаштааст, аз бонк телефон ва талаб карданд, ки ҳар чӣ зудтар қарзу фоизи онро пардохт намоям.
Шояд ин номаи маро намояндагони ташкилот ё ашхоси хайрхоҳ хонда, дар адои қарз ба ман кумак расонанд.
Бибисанам НАМОЗОВА, сокини деҳоти «Кайҳон» — и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ