Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Дар пирӣ аз дасти фарзандон дар азиятам»

№116 (3753) 30.09.2017

 11 июли соли равон дар шумораи № 82 (3719) рӯзнома мактуби шикоятии сокини шаҳри Қӯрғонтеппа М. Лолахонов зери унвони «Дар пирӣ аз дасти фарзандон дар азиятам» нашр шуда буд.

Вобаста ба матлаби мазкур 10 августи соли 2017 аз Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа ба идораи рӯзнома мактуби ҷавобӣ ворид шуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи талаботи моддаи 1, сархати 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шикояти шаҳрванд Лолахонов Мурод Бердиқулович, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Ҷ. Абдуллоев, хонаи 85-ро дар хусуси аз ҷониби фарзандонаш аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ таъмин накардани ӯ, нисбат ба ӯ дашному ҳақоратро раво дидани онҳо ва кӯшиши аз манзили истиқоматӣ берун намуданаш пурра, холисона ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян гардид, ки шаҳрванд Лолахонов М. соли 2015 бинобар муноқишаҳои оилавӣ аз ҳамсараш Лолахонова Х. ҷудо шудааст. Никоҳи онҳо, ки дар шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа 13 апрели соли 1991 таҳти № 138 ба қайд гирифта шуда буд, бо ҳалномаи Суди шаҳри Қӯрғонтеппа аз 6 июли соли 2017 бекор карда шудааст.

Ҳамзамон, шаҳрванд Лолахонов М. барои аз ҳисоби ҳамсару фарзандонаш рӯёнидани алимент ба Суди шаҳри Қӯрғонтеппа бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда буд. Дар асоси ҳалномаи суд аз 30 июни соли 2017 писараш Абдуллоҷони Муродзода уҳдадор гардидааст, ки шурӯъ аз 8 майи соли 2017 ҳар моҳ ба таври устувор ба андозаи 70 сомонӣ барои  таъминоти падараш маблағ пардохт намояд.

Вале то қувваи қонунӣ гирифтани ҳалномаи мазкур, ки 30 июли соли 2017 фаро мерасид, шаҳрванд Лолахонов М. тавассути рӯзномаи «Садои мардум» дар хусуси аз ҷониби фарзандонаш аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ  таъмин карда нашуданаш шикоят намудааст.

Бо вуҷуди ин, дар рафти баррасии муроҷиати мазкур 7 августи соли 2017 бо дахолати прокуратураи шаҳр ба фоидаи Лолахонов М. аз ҷониби писараш Абдуллоҷони М. барои се моҳи аввал 210 сомонӣ пардохт гардид.

Вобаста ба ваҷҳи Лолахонов М. дар хусуси кӯшиши аз тарафи собиқ ҳамсару фарзандонаш аз манзили истиқоматиаш берун намудани ӯ бошад, муайян гардид, ки баъди аз ҳамсараш ҷудо шудан Лолахонов М. як қисми ҳавлии истиқоматиашро бо девори тунукагӣ ҷудо карда, барои зист ба ҳамсару фарзандонаш додааст ва онҳо ҳоло алоҳида зиндагӣ доранд.

Вале собиқ ҳамсараш Лолахонова Х. оид ба тақсимоти ин манзили истиқоматӣ ба Суди шаҳри Қӯрғонтеппа бо аризаи даъвогӣ муроҷиат кардааст, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳамин тариқ, собиқ ҳамсар ва фарзандони Лолахонов М. кӯшиши аз манзили истиқоматӣ берун кардани ӯро надоранд, балки собиқ ҳамсараш Лолахонова Х. бо истифода аз ҳуқуқи худ барои талаби ҳиссааш дар моликияти муштарак бо тартиби пешбининамудаи қонун ба суд муроҷиат намудааст.

Дар рафти санҷиш ваҷҳи дигари дар муроҷиати худ овардаи шаҳрванд М. Лолахонов дар хусуси ӯро дашномҳои қабеҳ додани писараш Абдуллоҷони М. тасдиқи худро наёфт».

Б. САФАРЗОДА,

 прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа,

 мушовири адлияи дараҷаи 1