Дар Россия аз электромобил андоз намегиранд

№145 (3782) 07.12.2017

53efc7a7471d83a0cbf98342fe715919Ҳукумати Федератсияи Россия ба Кодекси андоз дар хусуси аз андоз озод кардани электромобил тағйирот ворид намуда, онро барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Мувофиқи он аз соли 2018 дорандагони электромобил то 5 сол андоз аз нақлиётро намесупоранд. Зеро андоз аз нақлиёт мутобиқи «қувваи асп» ситонида мешавад ва онро электромобил надорад.

Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Кумитаи буҷети Думаи давлатии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Рӯзномаи «Садои мардум» борҳо дар хусуси бартарии нақлиёти барқӣ мақола ба табъ расонидааст, мутаассифона, дар ҷумҳурӣ, ки аз лиҳози захираи неруи барқ бойтарин кишвари минтақа ба шумор меравад, ин намуди нақлиёт хеле кам ба чашм мерасад. Шояд бо додани имтиёз ба воридкунандагони электромобил шумораи он дар мамлакат мисли кишварҳои аврупоӣ ва Хитою Япония зиёд шавад.

Зиёдшавии нақлиёти барқӣ, аз як тараф, ифлосшавии ҳаворо пешгирӣ намояд, аз тарафи дигар, вобастагии кишварро ба сӯзишвории воридотӣ кам мекунад.

 С. СУННАТӢ

«Садои мардум»