Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Ҳисор озмуни «Шаҳраки ҳунармандон» баргузор гардид, ки дар он маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар макони асосии баргузории чорабинӣ — Қалъаи Ҳисор намунаи ҳунарҳои дастӣ, аз қабили кулолгарӣ, бурёбофӣ, табақтарошӣ, зину афзор, сабадбофӣ, созтарошӣ ва таомҳои миллӣ пешкаши тамошобинон гардид.
Озмун дар ду марҳила баргузор шуда, дар он ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор иштирок карданд. Раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳисор» Иззатулло Бобоев гуфт, ки дар чорабинӣ ҳунармандони 25 деҳа ҳунари худро пешкаш карданд.
Яке аз ҳунарҳое, ки аз қадим то имрӯз расидааст, дуредгарӣ мебошад. Сокини 87-солаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «Ҳисор» Сангимурод Ҳусейнов беш аз 35 соли умри хешро сарфи ин ҳунар кардааст. Бино ба гуфти ин ҳунарманди асил, эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мардуми ҳунармандро водор месозад, ки ба таърихи гузашта арҷ гузоранду ҷавонон ва насли ояндаро ба омӯхтану ҳифзи ҳунарҳои қадима ҳидоят намоянд.
- Вақте ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, барои ҳунармандон роҳи нав кушоданд. Бо истифода аз ин имконият мо бояд бештар таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намоем, — изҳор дошт С. Ҳусейнов.
Директори Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» Зикрулло Ҷобиров иброз дошт, ки дар шаҳри Ҳисор ҳунармандоне, ки синну солашон ба ҷое расидааст, барои омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бурёбофӣ, кандакорӣ, адрасбофӣ, оҳангарӣ ва гилембофӣ шогирдони зиёд гирифтанд, то ҳунарҳо аз байн нараванд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки баъд аз таҷдиду навсозии Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз он дидан намуда, тадбири мазкур имкон фароҳам овард, ки маҳсули ҳунари дастии ҳунармандони шаҳр ҳар чӣ бештар ба фурӯш равад.
Айни замон дар Осорхонаи таърихии мамнӯъгоҳ беш аз 17 ҳазор нигораву ёдгории таърихӣ мавҷуд аст. Соли 2017 ба ин мавзеи таърихӣ 26 ҳазору 909 нафар меҳмон ташриф оварда буданд, ки се ҳазору 800 нафарашро хориҷиён ташкил медиҳанд. Дар се моҳи соли равон бошад, зиёда аз 3 ҳазор нафар аз макони таърихӣ дидан карданд, ки 750 нафари онҳо хориҷиёнанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»