Ба пешвози 20-солагии СҲШ

Дар шаҳри Душанбе Марафони СҲШ баргузор мегардад

№ 06.05.2021

сайт 130 апрели соли 2021 дар яке аз минтақаҳои зебоманзари Девори бузурги Чин – «Бадалин» маросими эълони баргузории Марафонҳои СҲШ-2021 баргузор гардид. Тибқи иттилои «Деловой Казахстан» дар ҳузури намояндагони сафоратхонаҳои «оилаи СҲШ», кормандони воломақоми ҳукумати Хитой, ҳамчунин, 30 нафар хабарнигори маҳаллӣ ва хориҷӣ Муншии умумии Котиботи СҲШ Владимир Норов, намояндаи махсуси ҳукумати Хитой оид ба корҳои АвруОсиё ҷаноби Ли Хуэй ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода, ки соли равон раёсати СҲШ-ро бар уҳда дорад, баргузории  Марафонҳои СҲШ-2021-ро эълон намуданд.

-Дар ин рӯзи офтобӣ дар яке аз қисматҳои зеботарини мӯъҷизаи ҳаштуми олам- Девори бузурги Чин мову шумо бори нахуст дар маросими муаррифиву эълони якбора се марафон- марафони шашуми Кунмин, марафони дувуми Иссиқкӯл ва нахустин  марафони СҲШ-и Душанбе гирд омадаем, — иброз намуд Владимир Норов дар оғози суханронї.

Қобили қайд аст, ки дар соли ҷашни 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай якбора баргузории се марафон дар назар аст:

15 май- Марафони дуюми Иссиқкӯлии СҲШ дар Ҷумҳурии Қирғизистон; 13 июн-Марафони нахустини Душанбегии СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 декабр — Марафони шашуми Кунминии СҲШ дар минтақаи Юннани Ҷумҳурии Халқии Хитой.

Бояд зикр намуд, ки баҳои баланди таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии варзишӣ ба тарзи баргузории марафонҳо далели болоравии рӯзафзуни нуфузу маҳбубияти ин чорабинии муҳим аст. Масалан, масири марафони Иссиқкӯл аллакай пас аз дави нахустин дар соли 2019 сазовори сертификати World Athletics гардид ва соли равон иштирокчиёни он имкон доранд барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ роҳхат ба даст оранд. Марафони Кунмин бошад, дар дави шашум аллакай соҳиби иҷозатнома(литсензия)-и нуқрагии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) гардидааст.

-Мо варзишгарон, рӯзноманигорон ва ҳамаи дӯстдорони варзишро барои ширкат дар Марафони СҲШ, ки бидуни шак,барои тақвияти минбаъдаи рӯҳи дӯстонаи Шанхай, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии мардумони кишварҳоямон мусоидат хоҳад намуд, даъват менамоем, — гуфт Муншии умумии Котиботи СҲШ дар анҷоми суханронї.

Намояндаи махсуси ҳукумати ҶХХ оид ба корҳои АвруОсиё ҷаноби Ли Хуэй дар нишасти матбуотӣ ҳаммонандии рӯҳ ва ғояҳои Бозиҳои зимистонаи олимпиро дар Пекин бо марафонҳои СҲШ чунин баён намуд:

«Рӯҳи олимпӣ тарғибгари ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, ягонагӣ ва рақобати солим аст, ки ба дараҷаи олӣ бо «Рӯҳи Шанхай» созгор аст. Ин чорабинии байналмилалӣ, ки аз ҷониби СҲШ дар Кунмин баргузор гардида, номи созмонро гирифтааст, ба варзишгарон аз тамоми гӯшаву канори олам имконият фароҳам меорад, ки ҷониби ҳадафҳои хеш бидаванд, табодули таҷриба намоянд ва ба ягонагӣ бирасанд».

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар нишасти матбуотӣ оид ба 100 чорабинӣ дар доираи Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, қайд намуд, ки дар тақвими соли ҷашнии Нақшаи чорабиниҳои СҲШ чорабиниҳои варзишӣ ва хусусан фарҳангиву башардӯстона ҷои махсусро ишғол менамоянд.

-Чорабинии муҳимтарин, албатта, Марафони душанбегии СҲШ аст, ки бояд 13 июн дар Тоҷикистон баргузор гардад, — гуфт ӯ,- Расо ду рӯз пеш аз рӯзи мавлуди СҲШ дар Марафони Душанбе зангӯлаҳо ҳамчун хабаррасони ҷашни 20-солагии таъсиси СҲШ садо баланд мекунанд

Пас аз нишасти матбуотӣ иштирокчиён дар яке аз манораҳои Девори бузурги Чин дар дави рамзӣ ширкат варзида, соҳиби сертификатҳои хотиравӣ рољеъ ба фатҳи Девори бузурги Чин гардиданд,

Фароҳамсоз Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»