Дар шаҳри Турсунзода ҷашни сада барпо карданд

№17 (4600) 27.01.2023

Сада21-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ таҷлил гардид.

Намоишгоҳи идона, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, тухмии зироати кишоварзӣ, гулу буттаҳо, асбобҳои меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ оро ёфта буд, боиси хушҳолии иштирокдорон гардид.

- Боиси сарфарозист, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёкон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардиданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ — Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад, — гуфт раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода.

Мардум аз иди Сада истиқбол гирифтанд, то пайки ин ҷашни ориёӣ мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ ободкорӣ мусоидат намоянд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»