- Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2022», дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1067 шаҳрвандро, ки барои дарёфти ҷои кор муроҷиат намуданд, қабул намуд, ки аз инҳо 403 нафарашон занон мебошанд, — гуфт зимни суҳбат сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Муъминобод Абдуқаюм Исуфов.
Дар ин давра тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 435 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки 229 нафарашон занон мебошанд. Илова бар ин, 400 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардиданд.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда, соли 2022 бояд 440 сокини ноҳия ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешуданд. То ин вақт 400 кас ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, боғпарварӣ, кафшергарӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин, дар шаш ярмаркаи доиршуда 118 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Р. Ислом,
«Садои мардум»