Ҳақназар ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон:
- Модар воқеан фариштаи зебои олам аст. Чун мо аз модар сухан мекунем, офаринишро ҳам мадди назар дорем. Бузургон мартабаи занро бисёр баланд нишон додаанд. Аз ҷумла покии миллат, покии зиндагӣ, покии инсонӣ ба зан рабт дорад. Аз зани боиффат, донишманд, бонангу номус фарзанди бонангу ватанпарвар ба дунё меояд.
Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ хоса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан ҳамчун ояндаи давлату миллат эътибори хоса медиҳад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде ба тасвиб расидаанд, ки мартаба, кор ва нангу номуси занро ҳимоя мекунанд. Маҳз меҳри модар аст, ки ҷаҳонро аз фалокатҳои зиёд эмин нигоҳ дошта метавонад. Вақте модар мегӯяд, ки ҷанг лозим нест, фарзанд ҳеҷ гоҳ ҷанг намекунад. Вақте модар мегӯяд, ки Ватани худро ҳимоя кун, фарзанд ба ҳифзи Ватан мебарояд. Дар маҷмӯъ, агар ба меҳру муҳаббати зан такя кунем, ҳеҷ гоҳ фалокатҳои гӯшношунид ба амал намеоянд. Тавре ки шоир гуфтааст:
Бадзод гар аз бадгуҳарон боқӣ монд,
Бедод зи бедодгарон боқӣ монд.
Роҳе, ки раҳонад аз фалокат фалакам,
Аз олами меҳри модарон боқӣ монд.
***
Нуқра РАҲМАТОВА, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
-Модар офаридаи бузурге мебошад, ки дар радифи миллату Ватан қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳамчун модар мо бояд дар тарбияи фарзандон ва нигоҳбонии миллату фарҳанги худ масъул бошем, зеро дар пешрафти ҷомеа модар нақши бузург гузошта метавонад. Мо-модарон, ифтихор дорем, ки дар осмони софу беғубори Ватан бо меҳру муҳаббат ва дӯстӣ зиндагӣ мекунем ва орзу менамоем, ки ҳамеша чунин бошад.
Ҳар куҷое, ки сафар мекунам, аввалин суруде, ки месароям, -«Шукрона» аст. Бояд шукронаи сулҳу амонӣ намуда, пайваста дуо кунем, ки дар дунё оромиву осудагӣ, тинҷиву амонӣ ҳукмрон бошад. Бори дигар зикр карданиам, ки вазифаи асосии модар тарбияи фарзанд аст. Ҳамон гунае, ки ниёгони мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медоданд, мо низ бояд давомдиҳандаи кори онҳо бошем. Агар фарзанд дуруст тарбия ёфта бошад, аз он миллат, Ватану давлат ва ҷомеа манфиат мебинанд.
Файзалӣ ҲАСАНОВ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:
Дар хонае, ки тифл бувад, хонаи зан аст,
Дилгармиҳо зи гармии кошонаи зан аст.
Дар пеши зан ситоиши зӯроварӣ накун,
Бори замину арш чу дар шонаи зан аст.
Шоири бузург, шодравон Сафармуҳаммад Аюбӣ, дар ин чаҳор мисраъ тавонистааст бузургии Зан — Модарро пурра инъикос намояд. Дар ҳақиқат, зан бузург аст ва дар ҳама давру замон ба бузургии модар тамоми бузургон арҷ гузоштаанд.
Хурсандиовар аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон, ҳимоя аз ҳуқуқ ва ба кор таъмин намудани онҳо таваҷҷуҳи хоса доранд. Бинобар ин, имрӯзҳо шумораи занон дар корҳои роҳбарикунандаи давлатӣ зиёд ба назар мерасад. Яъне, зан ва модари тоҷик дар баробари меҳрубон, ғамхор, дилсӯз будан, ҳамчунин метавонад, барои рушди кишвари азизамон саҳмгузор бошад.
***
Қурбони СОБИР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
-Дар арафаи Рӯзи Модар мехоҳам дар бораи модари худ чанд сухан бигӯям. Модари ман ба синни мубораки 90 қадам гузоштааст. Зани пурнур, меҳрубон ва дилсӯз аст. Вақте ки чеҳраи нуронии модарамро, ки ҳатто дар зери ожангҳо зебоии худро гум накардааст, мӯйҳои сафеди ӯ, ки гӯё бо докаи сараш мусобиқа мекунад ва нигоҳҳои пурмеҳрашро мебинам, шукрона аз он мекунам, ки модар дорам. Модари ман нози кӯдакона дорад. Бо як сухан меранҷад ва бо як сухан хушнуд мешавад. Рӯзҳои дароз чашм ба сӯйи дар интизор аст, ки ҳоло писарам ба аёдатам меояд. Ҳолатҳое мешавад, ки мо — писарон ҳафтае ба дидорбиниаш рафта наметавонем, ӯ аз ин меранҷад. Изҳори норозигӣ мекунад, ки ду рӯзи истироҳатӣ аз субҳ то шом интизори омадани писарон будааст. Албатта, ӯ ҳақ дорад. Модар шабеҳи мусичае аст, ки ризқи фарзандонашро пайдо намуда, онҳоро паррончак кардааст. Акнун ҳама фарзандон барои дарёфти ризқу рӯзии хеш парвоз кардаанд. Модар интизор аст. Айни ҳол ягона хизмате, ки мо барои модар карда метавонем, аёдат ва диққати махсус ба ӯ зоҳир кардан аст.
***
Назарзода САЙФИДДИН, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Дар тамаддуну фарҳанги чандҳазорсолаи мардуми тоҷик Зан-Модар аҳамияти воло дорад. Дар таърихи миллати мо ҳазорон намунаҳо аз қаҳрамониву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои занони тоҷик сабт шудааст. Занони донишманду шоир, арбобони илму фарҳанг бо осору хидматҳои арзандаашон тамаддуну фарҳанги моро зебу зинат додаанд.
Аз ҳама муҳимтар, ҳазорон модарони мушфиқу меҳрубон ба тарбияи насли навраси тоҷик машғуланд. Аз баргузории ҷашнҳо ба ифтихори Зан-Модар дар тамаддуни ориёӣ нақлу ривоятҳои зиёде боқӣ мондааст. Бештари ин ҷашнҳо дар ибтидои фарорасии соли нави аҷдодии мо — Наврӯз фаро мерасид. Ин ҷашнҳо аз нимаи дуюми моҳи феврали тақвими ҷории мо оғоз гардида, то ҷашни Наврӯз идома меёфт. Ҳоло ҳам дар байни мардум анъанае бо номи ҷашни сари сол вуҷуд дорад, ки дар оғози моҳи март ё як моҳ қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад. Дар ҷашни Наврӯз ҳам яке аз ҳамин рӯзҳо, рӯзи панҷуми ҷашн, ки ба рӯзи Исфандормуз мувофиқ меафтад, ҷашни занҳо ҳисоб мешуд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад: «Исфандормузмоҳ, рӯзи панҷуми он «рӯзи Исфандормуз» фариштаи ваколатдор бар замин ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст. Дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Дар ин ид мардон ба занон бахшиш менамуданд. То ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (Порт) боқӣ мондааст. Ба форсӣ онро «Муждагирон» мегӯянд».
Аз ин бармеояд, ки дар фарҳанги бостонии мо низ рӯзи Зан-Модар ҷойгоҳи хоса доштааст.
Таҳияи Д. ШЕРАЛИЕВА ва Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»