Дар ҷараёни татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ-раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ чораҳои зиёде андешида шудааст. Дар Паёми навбатии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин таъкид намуданд: «Татбиқи пурраи ҳадафи мазкур барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳиму афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат боқӣ хоҳад монд. Ба ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир панҷ миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2014 зиёда аз як миллиард сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда ҷудо намудани беш аз се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст».
Ҳоло дар кишвар таҷдиду сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ амалӣ шуда истодааст. Маълум аст, ки барои Тоҷикистони азизамон, ки қисмати зиёди онро кӯҳсор ташкил мекунад, ҳар як ваҷаб замин қимати ниҳоят гарон дорад. Табиист, ки зимни сохтмону таҷдиди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва дигар иншооти ба инҳо вобаста, зарурат пеш меояд, ки кӯҳ, ҷангалзор ва киштзору чарогоҳ рахна карда шаванд. Дар чунин ҳолат, албатта, гулу гиёҳҳо ва дигар алафҳои нодир, дарахту буттаҳо нобуд мешаванд, сангу хоки кӯҳу теппаҳо ба чашмаю дарёҳо ҷорӣ шуда, обҳои мусаффоро ифлос мекунанд. Аммо аҳамияти роҳҳо барои рушди мамлакат дучанд аст ва анҷоми ин корҳо хеле зарур.
Зимни пайгирии мавзӯъ мо ба он таваҷҷуҳ кардем, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо таъсиррасонӣ ба вазъи экологӣ то кадом андоза ба назар гирифта шудааст? Дар посух ба ин суоли мо сардори шуъбаи аудити экологии Экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Халилов чунин гуфт: «Бо муҳайё гаштани имкониятҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизашро кӯҳу теппаҳо ташкил мекунанд, роҳҳои автомобилгард барои иқтисодиёти мамлакат хеле муҳим аст. Ҳамин аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои автомобилгард, ки имконият фароҳам овард то мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёбад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тибқи талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳои автомобилгард ба экспертизаи экологӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳангоми баррасии мавод оид ба таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Айнӣ — Панҷакент, Восеъ – Ховалинг ва амсоли онҳо мутахассисони экспертизаи давлатии экологӣ бо мақсади ҳаддалимкон паст кардани таъсири номатлуби объектҳо ба муҳити зист пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ медиҳанд, ки рафти иҷрои онҳо зери назорати мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист қарор доранд. Бояд хотиррасон намуд, ки тибқи талабот ба экспертизаи экологӣ вариантҳои алтернативии татбиқи лоиҳаҳо пешниҳод карда мешаванд. Экспертҳои ба кор ҷалбшаванда ҳангоми омӯхтани мавод ба он лоиҳаҳое бартарӣ медиҳанд, ки аз нигоҳи экологӣ таъсирашон ба муҳити зист камтар аст. Дар баробари ин, зикр кардан ҷоиз аст, ки дар лоиҳаҳои ба экспертизаи экологӣ пешниҳодшаванда барои солимгардонии муҳити зист маблағҳои махсус пешбинӣ мегардад, ки ҳангоми омӯзиши ҳуҷҷатҳои ба экспертиза пешниҳодшуда ба инобат гирифта мешавад».
Тавре ба мушоҳида мерасад чунин тадбирҳо нокифоя буда, пеши роҳи таъсири номатлуби иншоотро ба муҳити зист пурра намегирад. Ин нуктаро аз Абдумаҷид Шарифов — директори Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода» -и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи байналмилалии нақлиёт хоҳиш намудем, ки шарҳ диҳад.
- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали роҳбари давлати Тоҷикистон шуданашон, бо андешаи дурбинона ва эҳсоси зарурати рушди соҳаи хоҷагии роҳҳои автомобилгард, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъалаи аввалиндараҷа донист ва бо дастуру супоришҳои мавсуф маблағҳои зиёде ҳамасола барои таҷдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгард, кӯпруку нақбҳо равона мегарданд. Дар ин замина, масъулону мутахассисон ва коргаронро зарур аст, ки ҳангоми тарҳрезии иншоот дурбин бошанду корҳои ободониро софдилонаю боинсофона ба анҷом расонанд. Хатоиҳо, шитобкориҳо, риоя нагардидани меъёрҳо дар сохтмони роҳҳо метавонанд боиси ташвиш ва харҷи маблағҳои зиёде шаванд. Тоҷикистон кишвари офтобӣ, соҳиби кӯҳҳои осмонбус ва обҳои поку мусаффост. Аз кӯҳҳои сарбафалаккашида ҳазорон чашмаҳо ҷӯш зада, ҷорӣ мегарданд ва дарёҳоро ташкил мекунанд. Захираҳои зиёди оби поку ошомидании кишварамон имрӯз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ кашидааст. Моро зарур аст, ки боигариҳои аз ҷониби Худо бароямон насибшударо ба манфиати рушди дигар соҳаҳо истифода барем. Аз ин ҷиҳат, зимни сохтмони нақбҳо, пулҳо ва роҳҳои автомобилгард хеле дақиқкору нуктасанҷ бояд буд, то ба муҳити атроф таъсири манфӣ расонида нашавад. Дар аксар қисматҳои сохтмони роҳҳои автомобилгард лозим меояд, ки теппаҳо ва кӯҳҳоро аз 5 то 30-40 метр рахна намуда, паст кунем ва ё дар дараҳо қубурҳои обгузар насб карда, аз 2 метр то 30-40 метр хок пур намоем. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми иҷрои чунин корҳои ободонӣ дар баъзе мавридҳо вазъи экологӣ, таносуби пайвастагиҳои табиат вайрон карда мешавад.
Аз А. Шарифов пурсидем, ки пас чӣ бояд кард, ки ин мушкил ҳалли худро ёбад?
- Дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ҳангоми сохтмони роҳҳои автомобилгард, агар ҷангал пеш ояд, дарахтонро набурида, аз болои он эстакада месозанд. Ё сохтмони роҳ ба теппае рост ояд, ки баландиаш аз 15-20 метр зиёд бошад, ҳатман нақб канда, теппаро мегузаранд, ки дар натиҷа тақрибан дар як километр 18-19 ҳазор метри мураббаъ замини чарогоҳ ва киштзор ҳифз гардида, нобуд намешавад. Барои аз як теппа то теппаи дигар гузаштан моро лозим меояд, ки на кам аз 2-3 километр роҳҳои пурпечу тоб созем. Агар нақб ё эстакада бунёд намоем, он ҳамагӣ 300-400 метрро ташкил медиҳаду халос.
Масъалаи фавқуззикрро набояд нодида гирифт ва ҳангоми сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард аз боигариҳои табиӣ набояд маҳрум монем. Дар ин масъала дурандешию масъулиятшиносӣ мебояд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»