Аёдат

Дар суҳбати афсарону сарбозон

№159 (4579) 27.12.2022

15-уми декабри соли ҷорӣ роҳбари Гурӯҳи кории нақша — чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҳамроҳи раиси ноҳия Аъзам Ализода ба қисмҳои низомӣ ташриф оварданд.

Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону сарбозон дар арафаи соли нави мелодӣ ширинию мева ва консерваю нӯшокиҳо тақдим карданд.

Ҳамчунин, онҳо бо афсарону сарбозони қисми низомӣ суҳбат ороста, аз ҳолу аҳвол, шароити будубошашон пурсон шуданд. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода таъкид кард, ки хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар ҷавонмард аст.

Дар навбати худ афсарону сарбозон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки ҳар ваҷаб хоки Ватанро азизу муқаддас дониста, баҳри ҳифзи марзу буми кишвар садоқатмандона хизмат мекунанд.

М. МАҚСУДОВ,

 «Садои мардум»