Дар Суғд 123 корхона аз кор монд

№40 (4780) 01.04.2024

Соли 2023-ро саноатчиёни вилояти Суғд бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст карданд. Истеҳсоли маҳсулот ба 26,1 млрд. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022-юм 2,8 млрд. сомонӣ зиёд аст. Дар радифи ин нишондиҳандаҳои назаррас аз кор мондани 123 корхонаи саноатӣ муҷиби эроди ҷиддӣ ба масъулони соҳа гардидааст. Аз рӯи маълумоти расмӣ, бинобар фаъолият накардани ин коргоҳҳо ба маблағи 123, 3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардид, ки 0,5 дарсади истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятро ташкил медиҳад.

Марбут ба ин масъала дар нишас­ти матбуотӣ ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода савол матраҳ карда будам, ки ҷавоби мушаххаси савол «рақобатнопазир гардидани корхонаҳо» арзёбӣ шуд.

Бо мақсади ҳаматарафа омӯхтани ин масъала ба роҳбарияти шуъбаи саноати вилояти Суғд муроҷиат кардем. Мудири шуъба Озифхон Шарифзода изҳор дошт, ки «сабаби асосии аз кор мондани корхонаҳо мавсимӣ будани фаъолият (асосан, корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равған­истеҳсолкунӣ), нарасидани ашёи хому маблағ, фарсуда гардидани таҷҳизот, маҳдуд шудани бозори фурӯши маҳсулот, рақобатнопазир гардидани маҳсулоти корхонаҳо, иваз намудани самти фаъолият ва баҳсҳои амволӣ байни муассисон мебошад».

«Куҳансолтарин» корхонаи азкормондаи вилоят Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон»-и шаҳри Гулис­тон аст, ки нуҳ сол инҷониб фаъолият надорад. Дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар ин бобат ба саволи пешниҳодшуда чунин посух гуфт:

- Дар сафари қарибулвуқӯи роҳбарияти вилоят ба Федератсияи Россия мувофиқа ҳосил шуд. Бояд сарпарас­тон омада бо ҳолати корхона шинос шаванд.

Роҳбари собиқи корхона Барот Қаҳҳоров дар суҳбати телефонӣ сабабҳои аз кор мондани комбинатро чунин шарҳ дод:

- Замоне ки соҳибмулки коргоҳ соҳибкорони қазоқ буданд, нишондиҳандаҳои истеҳсолиамон хуб буд. Нархи 1 унс (баробари 31 грамм) нуқра аз 10 то 40 доллар расид. Вақте нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ то 25-26 доллар шуд, онҳо аз сарпарастӣ даст кашиданд. Мебоист технологияи истеҳсолотро нав кунанд. Хусусан, фабрикаи маъданшӯиро аз нав сохтан зарур буд, аммо ин корро накарданд. Дар комбинат зиёда аз 1000 нафар кор мекарданд ва ҳар кадоми онҳо ба ҳисоби миёна то 6000 сомонӣ музди меҳнат мегирифтанд.

- Чӣ бояд кард, ки комбинат аз нав ба кор дарояд?- пурсидем аз номбурда. Дар ҷавоб чунин гуфт:

- Фабрикаи маъданшӯии нав бо технологияи муосир сохтан лозим. Боқӣ, дар комбинат тамоми инфрасохтор барқароранд. Муҳимтар аз ҳама, дар Адрасмон беҳтарин мутахассисони соҳаи саноати кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд. Минтақаи Қаромазор аз ашёи хоми маъдан назар ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон бойтар аст.

Байни шаҳру ноҳияҳое, ки аз ҳама бештар корхонаҳои саноатӣ дар онҳо аз кор мондааст, «мақоми аввал»-ро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол мекунад. Дар ин ноҳия 23 корхона аз фаъолият бозмондааст, ки бархеи он даҳ сол инҷониб фаъолият надорад. Масалан, ҶДММ «Мафкур», ки ба истеҳсоли сангу рег машғул буд, соли 2017 аз фаъолият бозмонда, масъулин азми барҳамдиҳии онро доранд. Инчунин, 4 коргоҳ бинобар рақобат карда натавонистан ва 5 корхона бо сабаби набудани талабот ба маҳсулот аз кор мондаанд.

Дар шаҳри Хуҷанд, ки шаҳри саноатист, соли 2023-юм 15 корхона аз кор монд. Тавре маълум шуд, 7 адади он бинобар набудани фармоиш ба маҳсулот фаъолияташонро қатъ кардаанд. Дар ҷараёни суҳбат чанде аз соҳибони корхонаҳои азфаъолиятмонда аз ҳимоя нашудани бозори дохилӣ шиква карданд.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки яке аз омилҳои бақои фаъолияти корхонаҳо устувор будани мавқеи онҳо дар бозор аст. Корхонаҳое, ки рақобатпазиранд, на танҳо дар бозори дохилӣ, балки берун аз он низ мавқеи худро доранд.

Соли 2023 дар ноҳияи Зафаробод 12 корхона фаъолият накардаанд, ки аз он 8 корхонаи коркарди пахта ва 2 коргоҳи равғанбарорӣ мебошад. Зафаробод аз зумраи ноҳияҳоест, ки таи чанд соли охир бинобар фарсуда шудани агрегатҳои обрасон ба мушкили норасоии об рӯ ба рӯ аст. Дар ин замина ҳосили дилхоҳ рӯёнидан душвор асту соли гузашта 21 ҳазору 300 тонна пахта истеҳсол шуд. Агар дар ноҳия 16 корхонаи коркарди пахта бошад, ба онҳо ҳамагӣ беш аз 1 ҳазор тоннагӣ ашёи хом мерасад. Биноан, корхонаҳои коркарди пахта ба гурӯҳи коргоҳҳои мавсимӣ шомил мешаванд.

Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят муваззаф гардиданд, ки соли равон барои ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд. Барои ҳар шаҳру ноҳия теъдод муайян гардидааст. Муҳим он аст, ки теъдоде аз корхонаи нав низ бо сабабҳои «рақобатнопазир шудан», «набудани фармоиш», «баҳси амволӣ», «фарсуда шудани таҷҳизот», «набудани воситаҳои гардон» аз кор намонанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»