Якуми апрел ба мавсими кишти пунбадона дар ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров расман оғоз бахшиданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии ба номи А.Ҷумъаев донаҳои умедро ҳамроҳи пирони кор ба замин пошиданд.
- Соли ҷорӣ тасмим гирифтаем майдони кишти пахтаро ба ҳашт ҳазор гектар расонем,- гуфт зимни суҳбат ба мо раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, — дар хоҷагие, ки маъракаи киштро оғоз кардем, майдони пахта 1750 гектар заминро ташкил медиҳад.
Майдони имсолаи кишт аз порсола наздик ба 10 ҳазор гектар зиёд аст. Соли гузашта бо сабабҳои объективию субъективӣ дар вилоят кишти пахта 11 ҳазор гектар кам шуд, аммо ҳосилнокӣ нисбат ба соли 2020-ум 3,3 сентнер боло рафт.
- Соли паҳншавии пандемияи «COVID-19» ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 19,4 сентнерро ташкил дод,- гуфт муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода,- соли гузашта бошад, ба шарофати истифодаи тухмии хушсифат, риояи парвариши меъёрҳои агротехнологияи парвариш ва эҳтиёт кардан аз ҳашароти зараррасон муяссар гардид, ки ҳосилнокии ҳар гектар замини пахтазорро ба 22,7 сентнер расонем.
Пахтакорони вилояти Суғд соли равон ният доранд, дар майдони 59 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронанд. Дар ин бора сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Олимбек Юлдошзода иттилоъ дод.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»