Тибқи дастур ва ҳидоятҳои Сарвари давлат оиди дар бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳм гирифтани соҳибкорон дар ноҳия тадбирҳои зиёде андешида шуда истодаанд. Зимни вохӯрии раиси ноҳия бо соҳибкорон зикр гардид, ки дар соли 2019 аз ҷониби соҳибкорон дар ин раванд иқдомҳои нек анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, соҳибкори муваффақ Орзу Лашкаров имрӯз ба бунёди маркази хизматрасонии сеошёна машғул аст.Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни замон беш аз 80 фоизи корҳои сохтмонӣ дар он аллакай анҷом дода шудаанд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои мазкур марказҳои савдо ва дар ошёнаи 3 -юм меҳмонхона бо тамоми шароит бунёд мегардад. Маркази хизматрасонӣ, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ маҳсуб меёбад, соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад.
Соҳибкор, инчунин, ният дорад, дар назди бино боғи истироҳативу фароғатӣ бо фаввораҳову гулгаштҳо бунёд намуда, барои истироҳати шабонаи сокинон шароити мусоид фароҳам орад.
Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»