Чанд пеш раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар мулоқот бо ҳамоҳангсоз ва дигар масъулини Барномаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» дар вилоят назорати татбиқи барнома ва муайян намудани харитаи роҳ баҳри он мавриди баррасӣ қарор дод.
Нахуст, муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода оид ба амалишавии барнома болозикр маълумот дода, иброз намуд, ки ҳадафи асосоии он беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии маҳаллӣ дар ВМКБ ва вилояти Хатлон тариқи рушди сайёҳӣ ва агробизнес мебошад.
Ҳамоҳангсози Бонки умумиҷаҳонии Маҳина Додихудоева муфассал оид ба амалишавии барномаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва қисматҳои он маърӯза карда, аз ҷумла тавзеҳ дод, ки ҳар як банди он ба беҳтар гардондани ифрасохтори ҷамъиятӣ, рушди сайёҳӣ, агробизнес ва дигар бахшҳои алоқаманд нигаронида шудааст.
Алишер Мирзонабот таъкид намуд, ки навсозии қалъаи Ямчун дар ноҳияи Ишкошим яке аз калонтарин лоиҳаҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар ҷараёни бозсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он сокинони зиёд соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Ба гуфтаи ҳамоҳангсози Бонки умумиҷаҳонӣ дар вилоят моҳи ноябри соли 2024 сохтмони иншооти сайёҳӣ дар ВМКБ пурра ба анҷом расида, татбиқи бомароми лоиҳаҳо такони ҷиддӣ барои рушди вилоят хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба муттасадиён дастур дод, ки корҳои сохтмониро дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоб ҳарчи зудтар оғоз намоянд.
- Дар вилоят аллакай чор ҳавзи моҳипарварӣ сохта шуда, инчунин 4 мағоза ё комбинати фурӯши гӯшту моҳӣ ва шир бояд бунёд гардад, то дастрасии аҳолӣ ба маҳсулот ва дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардад, — таъкид кард раиси ВМКБ.
Алишер Мирзонабот аз намояндаи бонки зикршуда роҳбарияти ташкилот ва масъулон даъват намуд, ки баҳри татбиқи мақсадноки лоиҳаҳои мавҷуда ниёзу талаботи ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба инобат гирифта, дар татбиқи барномаҳо аз рӯи адлу инсоф ва поквиҷдонӣ кору амал намоянд, зеро ҳадафи ниҳоӣ ва рисолати ҳамаи мо содиқона хизмат кардан ба халқу Ватан аст.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои Мардум»