Дар Восеъ мактабсозӣ муттасил аст

№87 (4827) 05.07.2024

ВОСЕЪ СОХТМОНиБо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кумитаи падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагии дорои шароити наву замонавӣ оғоз гардида, аллакай дар қисмати бештарашон корҳо ба анҷом расидааст.

Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муҳаммад Орифзода иттилоъ дод, бинои нави таълимӣ барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст иборат аз 10 синфхонаи таълимӣ дар деҳаи навбунёди Ибрат ва муассисаи нав дар деҳаи Меҳробод – 3 барои 480 хонанда дар ду баст иборат аз 10 синф­хонаи таълимӣ бо маблағгузории Бонки исломии рушд ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ­бунёд гардидааст, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Инчунин, бо маблағгузории Бонки исломии рушд якҷоя бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии №11 дар деҳаи Тугарак, №54-и деҳаи Ҳулбук ва синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №56-и деҳаи Дашти Дилӣ сохта мешаванд.

Номбурда изҳор дошт, ки дар соли 2024 сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №13-и деҳаи Ҳ. Баротов, бунёди бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №18-и деҳаи Файзобод, эъмори бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №34-и деҳаи Селбур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иборат аз 15 синфхонаи таълимӣ барои 375 ҷойи нишаст оғоз гардидааст.

Ба ғайр аз ин, соли ҷорӣ бо маблағгузории кумитаи падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ дар назди 14 муассисаи таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз шуд. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таълимии №53-и шаҳраки Ҳулбук 10 синф­хонаи таълимӣ барои 250 ҷойи нишаст, №55-и деҳаи Рамазон Файзов 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст, №35-и деҳаи Баҳористон 3 синфхонаи таълимӣ барои 75 ҷойи нишаст, №44-и деҳаи Пушёни боло 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст ва дар муассисаи таълимии № 64-и деҳаи Восеъобод 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст оғоз гардиданд.

Ҳоло дар ноҳияи Восеъ 73 муассисаи таълимӣ ва 10 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, моҳи августи соли ҷорӣ бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм таъмиру навсозии биноҳои МТМУ №№3, 9 ва 22, ки ба таъмири пурра ниёз доранд, шурӯъ мешавад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»