Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад…

№61 (4323) 06.05.2021

Ҳодисаҳои нангини дар сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳафтаи гузашта рухдода, ки боиси талафоти ҷиддии молию ҷонӣ аз ду тараф гардид, ҳеҷ як шахси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад. Масъалаи баҳсиро бо роҳи осоишта сад дарсад ҳал кардан имкон дошт. Мутаассифона, тарафҳо ҳеҷ ба мувофиқа омада натавонистанд.

Дар ҳоле ки ҳама гуна сатҳи даъво, хоҳ он оилавӣ бошад, хоҳ дар сатҳи байналмилалӣ, ҳангоми баррасию ҳаллу фасл ва баровардани ҳукм ба далелҳои мушаххасу муътамад такя карда мешавад. Он чӣ тарафи Тоҷикистон сад дарсад онҳоро дар ихтиёр дораду ҷониби муқобил дидаю дониста, бидуни далелу аснод ва мантиқ, рад кардан мехоҳад. Ба хотири пешгирӣ аз такрори паёмадҳои нохуш ҳатман ва фаврӣ бояд ин кор сурат гирад. Он бояд бо иштироки васеи мутахассисони варзидаи сиёсату ҳуқуқ, ташкилоти дахлдори байналмилалӣ ҳалли худро ёбад, зеро изҳороти эҳсосӣ ва ғайриҳирфавии одамони ҷудогонаи аз соҳа дур, ки бамаротиб афзудан дорад, ба тезутунд гардидани вазъият оварда расонда метавонад.

Мардуми тоҷику қирғиз асрҳо паҳлу ба паҳлу дар фазои сулҳу дӯстӣ  зиндагӣ доранд ва лаҳзаҳои барои ҳамдигар мушкил ҳамеша дасти кумак дароз менамоянд. Барои ҳар ду тараф зистан дар муҳити осоиштаю озод чун обу ҳаво зарур мебошад. Мутаассифона, қувваҳое низ ҳастанд, ки дар тезутунд шудани вазъият манфиатдоранд ва обро лой карда, моҳӣ доштан мехоҳанд. Онҳоро ҳеҷ гуна талафоти вазнини молию ҷонӣ ба ташвиш намеорад. Хеле сабукандешонаю бефаросатона пайи ба даст овардани обрӯю мақоми сиёсӣ мебошанд ва бадбахтона, ҳеҷ гуна ҳаводису далелҳои талхи таърихӣ барояшон сабақ намешавад. То вақте ки ин гуна қувваҳо фаъоланд ва беҷазо мемонанд, сухан гуфтан аз сулҳу осоиштагӣ ҳанӯз барвақт аст. Бинобар ин, баҳогузории дуруст ба воқеаҳо ба манфиати ҳар ду тараф мебошад. Дар акси ҳол, манфиатҷӯёни дохилию беруна барои равған рехтан ба оташи ҷангу низоъ ҳама вақт омодаанд. Бо истифода аз силоҳ ҳал намудани масъалаҳои ҳалталаб ва ба вуҷуд овардани фазои ноамнию бесуботӣ мақсаду мароми қувваҳои иртиҷоӣ мебошад. Анҷоми ҳар ҷанг ҳам сулҳ аст. Аз ин рӯ, дар баробари дигар қишри солими ҷомеа, аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ ҷонибдори ҳар чӣ зудтари қазияи пешомада бо истифода аз ақли солим мебошем. Ҷангу хунрезӣ ҳеҷ гоҳ хушбахтӣ наовардааст. Баръакс, он сабабгори бадбахтии зиёд дар ҳаёти одамон мегардад. Мардуми тоҷику қирғиз инсонҳои меҳнатдӯст ва заҳматкаш мебошанд. Ба дӯстию рафоқат, фарҳанги ҳамсоядорӣ арҷ мегузоранд. Дар ҳар ду кишвар асрҳост, ки намояндагони ҳар ду миллат паҳлу ба паҳлуи ҳам кору зиндагӣ менамоянд Бо ҳам муносибати зичи хешутаборӣ пайдо намудаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, ки фарзандону наберагони муштаракро ба неку бад қисмат намоянд. Зеро ҳамсоягию ҳамсоядорӣ неъмати волои худододӣ мебошад. Танҳо дар сурати ризояту ҳамдигарфаҳмӣ метавон бо истифода аз сарвату неъматҳои табиӣ бидуни ҳеҷ мушкил зиндагӣ ва Ватан обод кард.

Ба қавли Ҳофизи бузургвор:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

 ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН