Ҳар сол дар кишвар, хусусан пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, фасли баҳор бо амали хайру савоб — шинонидани гулу дарахтон, ки шаҳрро ҳусн меафзояду ба саломатии сокинон мусоидат менамояд, оғоз меёбад.
Имрӯз Душанбе бо ҷаҳду талошҳои Раиси он муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри гулҳо табдил ёфтааст. Солҳои охир теъдоди боғҳои фарҳангию истироҳатӣ афзуда, дар фасли гармо канори роҳҳои нақлиёт ва атрофи биноҳои истиқоматӣ низ гулбоғҳоро мемонанд, ки табъи сокинину меҳмонон ва ҳар бинандаро болида мегардонанд. Аммо…
Ба ин аксҳо нигаред. Ин ниҳолҳои булут пас аз таъмир ва васеъ намудани роҳи нақлиётии хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар маҳаллаи Яккачинор ва шаҳракҳои 12 ва 13-уми пойтахт, дар ду канори роҳ шинонда шуданд. Нархи ин ниҳолҳо хеле баланд аст, вале ин аксҳо гувоҳи онанд, ки баъзе аз ниҳолҳо аллакай хушкидаанд.Чунин дарахтони хушкидаро дар ҳар ду канори роҳ мушоҳида намудан мумкин аст. Ҷо-ҷо ниҳолҳои бурида низ ба назар мерасанд.
Дар қисмати Сирки давлатӣ то дарёи Душанбеи хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Раҳмон Набиев — аз гардиши собиқ бозори Ҷал-Ҷам то Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ниҳолҳои кастона шинонида буданд. Дар ҳар ду минтақа қисме аз ин ниҳолҳо кайҳо бурида шуда, касе дар андешаи барқарор намудани ниҳолҳо нест. Ин дарахтонро кӣ бояд ҳифз кунад?
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»