Албатта, ҳар як халқ ва миллат бо занону модарони худ фахр мекунад, лекин мо аз занону модаронамон ифтихори хоса дорем. зеро модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Бибии ман шаст сол пеш ин дунёро падруд гуфтааст, аммо панду насиҳатҳояш то ба ҳол дар гӯшам садо медиҳанд. Номаш Қимат ва барои ману аҳли оилаамон ва ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, воқеан, шахси қимат ва қадрдон маҳсуб мешуд, зеро «Накукору ба кас роҳатрасон буд».
Тӯли фаъолияти эҷодиам якчанд маротиба дар бораи бибии Қимат лавҳаю мақолаҳо навишта, ҳар куҷо, ки имкон шуд, ӯро тавсиф ва ифтихору шукрона мекунам, ки дар оғӯши ин зани бо ақлу фаросат, ҳикмату адолату хоксору нексиришт ва модари меҳрубонам Сайёра парвариш ёфтам. Насиҳату тарбияи онҳо роҳнамои зиндагиам гаштаанд. Маро ҳар лаҳза хумори суҳбати ин ашхоси бароям бисёр азиз мегирад.
Ҳоло, ки мо рӯзу шаб телевизор мебинему аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам филму наворҳои гуногун тамошо мекунем ва телефони мобилиро як лаҳза аз худ дур намесозем, таъкиди бибиам ба ёдам мерасад. Солҳои шастуми асри ХХ, вақте ман тахминан 7-8-сола будам, ба мағозаи деҳаи мо ду телевизори тамғаи «Рекорд» ворид шуд. Падарам муаллим буд ва яке аз ин телевизорҳоро харида, ба хона овард. Барои тамошои «оинаи нилгун» ҳар шаб ҳамсояҳо ба хонаи мо меомаданд. Вале бибиам ба хонаи телевизордор намедаромад. Баъзан мо — бачаҳо ҳангоми дар гирди дастурхон якҷоя нишастан шӯхӣ карда, оҳиста телевизорро дармегирондем, вай зуд рӯяшро бо рӯймолаш печонда, аз сари дастурхон мехест ва ҳамон рӯз қаҳр карда, ба он ҳуҷра намедаромад. Ба мо рӯ оварда мегуфт: «Рӯзе мерасад, ки ин (телевизор) балои саратон мешавад!»
Ин масъаларо шарҳу тавзеҳ намедиҳам, зеро мавриди назари гуфтори мо дар ин матлаб дигар аст ва тавре дар боло ишора кардам, ҳоло ҳаётамонро бе телевизор ва дигар воситаҳои навтарини маишати рӯзгор тасвир карда наметавонем, ки воқеан, гувоҳи рушду пешравӣ аст. Аммо таъсири манфии баъзе навору гуфтор ва барномаҳо, аз ҷумла дар шабакаҳои интернетӣ, хеле зиёд шуда, моро ба ташвиш овардааст. Ман ҳолиё дарк мекунам, ки бибиам як зани дақиқназару дурандеш низ буданд.
Дарси хештаншиносиро аз бибиам ва волидонам омӯхтам. Бибии Қимат доимо таъкид мекард, ки мо бояд худро шиносем, накукор бошем. Барои тақвияти гуфтаҳояш қиссаю афсонаҳои ҷолиб мегуфт. Шабҳо дар оғӯши бибиам, баъд аз шунидани афсонаҳояш, ки дар он қаҳрамонони некхислату ҳақгӯ ва шуҷоъ ба қувваҳои бадхоҳи аҳриманӣ ғолиб меомаданд, бароҳат хоб мерафтем. Субҳи дигар хушҳол мехестему кӯшиш мекардем мисли қаҳрамонони мусбати афсонаҳои бибиам бошем.
Ҳоло чӣ? Кӯдакону наврасон ва ҷавононамон то нимашаб дар даст телефони мобилӣ, банди тамошои наворҳои гуногунанд, ки оқибати ногувори онро аллакай эҳсос намуда истодаем.
Бибиам Қимат табиби хубу дардошно буд. Ҳамроҳи худ ҳамеша қиёму гулу гиёҳҳои табобатӣ дошт. Тавассути давоҳои омодакардааш иллати гулӯ, гӯш, чашм, узвҳои ҳозима ва дигар дардҳоро табобат мекард. Агар лаҳзае дар суҳбаташ менишастед, хастагиатон бартараф мешуд ва худро хушҳолу бардам эҳсос мекардед.
Аммо дар деҳа вақте табобатгоҳ кушоданд, ба он як духтури русро (ба фикрам номаш Машахола буд) масъул карданд. Машахола ҳам зани хуб буд, ба беморон дору мегузаронд, ҳаб медод. Акнун сокинони деҳа дар баробари кампири Қимат беморонашонро назди Машахола мебурданд ва албатта, меваю ширинӣ ва ғизоҳои беҳтаринеро, ки барои бибиам меоварданд, ба Машахола низ қисмат мекарданд, ки бибиам аз ин шод мешуд.
Кампири Қимат ҳангоми таваллуди тифлон мушфиқу муттакои модарон буд. Онҳо зимни валодат бисёр мехостанд ин кампири мушкилкушо дар барашон бошад. Аз ҳузураш неру мегирифтанд, дардашон сабук мешуд. Нигоҳубини тифли навзодро ҳам то дер ба ихтиёри ӯ мегузоштанд. Баъдан ҷои кампири Қиматро даҳҳо Машахолаю Валяапа ва Нинаойтиҳо гирифтанд… Аммо барои ман ва наздиконам ва онҳое, ки бибии Қиматро мешинохтанд, дарси хештаншиносиаш, панду насиҳатҳояш ҳамеша мушкилкушо аст.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»