Дарвоз. 96 иншооти ҷашнӣ бунёд мегардад

№69 (4175) 11.06.2020

Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд.

- Ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 96 иншооти хурду бузург сохта мешавад, — гуфт мудири бахши рушди иқтисод ва савдои МИМҲД – и ноҳия Ёқуб Сафарализода.

Бо дастгирии Ҳукумати кишвар сохтмони бинои МИМҲД –и ноҳия бо харҷи 6 миллиону 845 000 сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия — 2 миллиону 830 000 сомонӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  № 41 – и деҳаи Паткуноб — 2 миллиону 500 000 сомонӣ, МТМУ № 8 — и деҳаи Рузвайи деҳоти «Қалъаи Хумб» — 2 миллиону 905 000 сомонӣ, бозори деҳоти «Нулванд» — 680 000 сомонӣ ва корхонаи коркарди сангу шағал — 500 000 сомонӣ  бомаром  ҷараён доранд.

Инчунин, дар деҳаи Ҷорфи деҳоти «Вишхарв» ва «Сағирдашт» маркази хизматрасонӣ бо ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона мавриди истифода қарор гирифт.

Дар соли таҳсили 2019 – 2020 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 8, 41 азнавсозӣ гашта, муассисаи таҳсилоти асосии № 38, муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 31 таъмир шуданд. Инчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 9, 17, 39, 47 ва 22 синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, МТМУ № 29 — и деҳоти «Сағирдашт», ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, азнавсозӣ гардид.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»