Дарвоз. Барои рушди лимӯпарварӣ шароит муҳайёст

№10 (4430) 15.01.2022

1600790254_0_0_3072_2048_1920x0_80_0_0_f3255708c53f5ccf111132bea87844e2Ноҳияи Дарвоз барои лимӯпарварӣ минтақаи мусоид ба шумор меравад. Аз миёнаҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта дар минтақаҳои поёнии он парвариши лимӯ ба роҳ монда шуда, он вақт дар як гӯшаи заминҳои дашти Роғаки совхози ба номи Фучик қариб 60 лимӯхона бунёд ёфта буд. То соли 1990 ба миқдори зиёд меваҳои ситрусӣ истеҳсол мешуд, ки як қисмаш ба бозорҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои дигари вилоят ворид мегашт. Солҳои навадуми асри гузашта соҳаи лимӯпарварӣ дар водии Нулванди ноҳия барҳам хӯрда, аз камчинӣ ва гаронии нархи сӯзишворӣ пойгоҳҳои обкашии дизелӣ аз кор монданд.

Хушбахтона, аз соли 1998 аз нав ба лимӯпарварӣ рӯ оварда шуд. Хусусан, зимни яке аз сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз диққати роҳбарон, мутахассисон ва кишоварзонро ба эҳёи лимӯпарварӣ ҷалб намуданд. Ҳоло дар дашти Роғак, деҳоти «Нулванд», «Қалъаихумб» ва «Вишхарв» аҳолӣ аз сари нав ба лимӯпарварӣ машғул шуда, шумораи лимӯхонаҳо аз 100 ҳам гузаштааст.

Лекин ҳанӯз аз ҳама захира ва шароити мавҷуда ҷиҳати рушди соҳа пурра истифода бурда намешавад.

- Барои ба лимӯпарварӣ ба таври ҷиддӣ шуғл варзидан замини зиёд лозим нест. Хурдтарин майдони киштбоб кифоя мебошад. Дар ин миқдор қитъачаи замин ё чакалакзори хурдакаки назди ҳавлӣ то 40 — 50 буттаи лимӯ бемалол меғунҷад. 10 — 15 дона арматура, 2 — 3 халта семент, чанд метр маҳсулоти полиэтиленӣ харидан, каме бо санг девори пастакак сохтан лозим меояду бас, — мегӯяд олими соҳа Амиршо Маҳрамов. — Буттаҳои лимӯро бошад, чун солҳои пеш аз вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар дастрас кардан ва ба Дарвоз овардан ҳам зарурат надорад. Зеро дар минтақаи илмӣ — таҷрибавии саҳроии Дашти Роғаки Институти биологии Помир даҳҳо навъи лимӯ ва дигар анвои рустаниҳои субтропикиро ба осонӣ пайдо ва бо нархи арзон харидорӣ кардан мумкин аст. Кормандони ин маркази илмӣ — тадқиқотӣ ба деҳқонон кумаки ройгон низ расонида, дар бораи парвариши лимӯ ва дигар навъи меваҳои ситрусӣ маслиҳати муфид ҳам дода метавонанд.

Ҳамсуҳбатам, инчунин, илова кард, ки то ба ҳосилдиҳӣ сар кардани ниҳолчаҳои лимӯ дар гармхонаҳо миёни қаторҳо помидор, бодиринг ва дигар анвои сабзавот ҳам кишт кардан мумкин аст. Баъди ба ҳосилбандӣ оғоз кардани ниҳолҳо аз ҳар як бутта то 300 — 400 дона ва аз ин ҳам зиёд лимӯ ба даст овардан имкон дорад. Ғайр аз ин, ба лимӯпарварон зарур аст, ки навъҳои серҳосили буттаҳои лимӯ ва апелсину мандаринро аз минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон биоранд, ҳамчунин, ба маслиҳат ва тавсияҳои кормандони минтақаи илмӣ — омӯзишии Дашти Роғак амал намоянд. Ҳамин гуна ба рушди соҳаи лимӯпарварӣ дар қисматҳои поёнии ноҳияи Дарвоз шароит муҳайёст.

Амиршо Маҳрамов, ҳамчунин, иброз дошт, ки агар аз як гектар майдони картошка ва сабзавот ба ҳисоби миёна дар ноҳияи Дарвоз 20 — 25 ҳазор сомонӣ ба даст биояд, ин маблағро аз 7 — 10 садяк замини гармхонаи лимӯ ба даст овардан мумкин аст.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»