Дар остонаи 20 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзноманигор Сироншоҳи Диловар бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон суҳбат орост.
- Ноҳияи Дарвозро, ки дар қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, аз қадим дарвозаи Боми ҷаҳон меноманд. Масоҳати он қариб 3 ҳазор километри мураббаъ буда, аз 4 деҳот — «Сағирдашт», «Нулванд», «Қалъаи Хумб», «Вишхарв» ва 54 деҳа иборат мебошад. Инчунин, таърихи хеле куҳан дошта, дорои ёдгориҳои нодири бостонист.
- Кашфи шаҳраки қадимаи Карон далели ин гуфтаҳост, — оғоз бахшид суҳбатро Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ва афзуд: — Боиси ифтихори мардуми Дарвоз аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон моҳи октябри соли 2013 аз шаҳраки Карон дидан карданд. Солҳои навадуми асри гузашта, дар айёми муноқишаҳои шаҳрвандӣ бо ташаббуси далеронаи Пешвои миллат бунёди қитъаи роҳи Кӯлоб — Дарвоз оғоз гардид. Техникаи роҳсозии аз даврони шӯравӣ меросмонда хеле куҳна ва аксарияташ корношоям буд. Азму суботи Президенти мушкилнописанди кишвар боис гардид, ки синаи Девдара, Хушӣ ва Нохушӣ рахна ва дар муддати кӯтоҳ қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб — Дарвоз сохта шавад.
Соли 1999-ро мардуми Дарвоз ва дигар сокинони Бадахшон хуб дар ёд доранд. Дар кабинаи мошини «ГАЗ — 66» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтақаи душворгузари Девдараро гузашта, ба мавзеи Яхчисор омаданд. Ин бузургтарин тантана дар ҳаёти сокинони Дарвоз ва мардуми Бадахшон дар интиҳои асри бистум буд.
Ҳамон вақт Пешвои миллат гуфта буданд, ки: «Девдара, албатта, ба Гулдара мубаддал мешавад».
Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат, ки дар маросими аз роҳи тозабунёди Кӯлоб — Дарвоз гузар кардани нахустин нақлиёт ширкат дошт, шаъну шукӯҳи меъмори ин шоҳроҳи аср — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чунин қаламдод кардааст:
Меъмори азал аҷаб раҳе сохтааст,
Меъмори наве тарҳи нав андохтааст.
Дар рӯи замин раҳи яқин аст, биё,
Меъмор чу кӯҳ қомат афрохтааст.
Иқдоми дигаре, ки бо дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар 20 соли барқарории Ваҳдати миллӣ амалӣ гардид, дар мавзеи Рузвай аз болои дарёи Панҷ ҷониби вулусволии Нусайи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сохтани аввалин пули мошингузар буд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат дар рустоҳои баландкӯҳи Дарвоз — Хосту, Гишхун, Вастани Сари Висхарв, инчунин мавзеъҳои баландкӯҳи ағбаи Хобурубот роҳи мошингард бунёд шуд. Дар ин давра аз деҳоти «Сағирдашт» ҷониби кони ангишти Равнов низ роҳ сохтанд ва истихроҷу кашонидани ангишти мавзеъ оғоз ёфт.
Дар даврони шӯравӣ хатти баландшиддати барқи Норак-Шугнов-Сағирдашт-Қалъаи Хумбро сохта буданд, ки эҳтиёҷоти сокинони ноҳияи Дарвозро бо барқ шаст фоиз таъмин менамуду халос. Он ба талаботи техникӣ пурра ҷавобгӯй ҳам набуд. Неругоҳи хурди барқи обии «Хумбиварӣ», ки солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар дарёи Хумбов сохта шуд, 180 киловатт — соат тавоноӣ дошт. Ин буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зарурати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба миён омад. Мардуми Дарвоз аз он мамнунанд, ки бо дастури Президенти кишвар неругоҳҳои барқи обии «Ширг-1» ва «Ширг-2» дар канори рӯдхонаи Хумбов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бино ба гуфти Саидбурҳони Саидраҳмон, таъмини амнияти озуқаворӣ низ дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ин давра беш аз 320 гектар замин аз худ шуда, ин раванд идома дорад. Дар дашти Роғак ва дигар рустоҳои ноҳия, ки иқлимашон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон якранг аст, 90 гармхонаи лимӯпарварӣ бунёд шудааст.
Ба инкишофи занбӯриасалпарварӣ низ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, занбӯриасалпарварони дарвозӣ аз он ифтихор мекунанд, ки Пешвои миллат дар маҷлиси фаъолони ноҳия, 8 октябри соли 2013 қайд намуданд, ки дар ноҳияи Дарвоз 60 фоизи асали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истеҳсол мегардад. Оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 5 ҳазор расида, соле 58-60 тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст оварда мешавад.
Ҳоло дар хоҷагиҳои кооперативӣ, зотпарварӣ, деҳқонӣ ва хусусии ноҳия бештар аз 13 ҳазор чорвои калони шохдор ва 23 ҳазор бузу гӯсфанд, 260 сар асп парвариш мешавад ва саршумор рӯй ба афзоиш аст.
Пешвои миллат ба маориф низ таваҷҷуҳи хоса доранд, аз ин рӯ, дар 20 соли охир дар Дарвоз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав сохта шуд. Айни замон ягон таълимгоҳ дар биноҳои хусусӣ, вагон ва дар ҳолати садамавӣ қарор надоранд.
- Дар соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш низ дастовардҳо назаррасанд. Дар ин давра кохи фарҳанги ба номи Акашариф Ҷӯраев, варзишгоҳ ва толорҳои варзишии «Орион Арена», «Вастан» сохта шуда, сокинони ноҳия аз тамошои барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон бархӯрдоранд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон.